Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳайати давлати Қувайт аз қалъаи таърихӣ боздид намуданд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 06- декабри соли 2025 ҳайати расмии меҳмонон аз давлати Кувайт, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор доштанд, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва  Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз муҳимтарин ёдгориҳои бостонии вилояти Суғд мебошад, боздиди шиносоӣ анҷом доданд.

Ҳайати меҳмононро намояндагони иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид Аминов Абубакр-  роҳбалади соҳибтаҷрибаи  муассисаи мазкур ба меҳмонон дар бораи таърихӣ бостонии Хуҷандшаҳр, таъсисёбии осорхонаи таърихӣ ва аз толорҳои намоишии он маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни боздид роҳбалади касбӣ онҳоро бо таърихи нигораҳои нодир, ашёҳои қадима, дастхатҳо, осори бозёфтшуда ва марҳилаҳои гуногуни таҳаввули таърихии миллати тоҷик шинос намуд. Меҳмонон ба сатҳу сифати муаррифӣ, ки забони шеваи арабӣ муаррифӣ гардид, инчунин ба бойгонии ғании осорхонаи таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда аз дидани нигораҳои таърихӣ таассуроти нек гирифтанд. Ҳамчунин, қайд намуд, ки онҳо дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”соядаст гузоштанд. Китоби “Меҳмонони фахрӣ” одатан китобе мебошад, ки меҳмонон дар он шарҳ, таассуроти хеш ва минатдорӣ мекунанд.   Яъне, гузоштани имзо дар ин китоб рамзи эҳтироми меҳмон ба фарҳанг ва таърихи кишвар ва ҳамчунин рамзи дӯстӣ ва ҳамкории миёни давлатҳо мебошад.

Баъдан меҳмонон  бо таваҷҷуҳи  зиёд аз қисматҳои гуногуни толори намоишии   қалъаи таърихӣ  гузар ва дидан намуданд. Онҳо махсусан ба намунаҳои санъати тасвирӣ, ҳунари нозукиҳои  кандакорӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ ва дигар анъанаҳои волои ҳунарҳои мардумӣ таваққуфи бештар зоҳир намуданд. Ҳар яке аз ин намоишҳо барои онҳо имконият  фароҳам овард, то бо маҳорати баланди ҳунармандони мардумӣ, зебоӣ ва рукнҳои нодири фарҳанги миллӣ аз наздик ошно шаванд. Онҳо таъкид , карданд, ки қалъаи таърихӣ бо хусусиятҳои меъмории қадимааш яке аз намунаҳои нодири ёдгориҳои таърихӣ ба шумор меравад.

Пас аз боздид аз қалъаи таърихӣ меҳмонон ба ҳавлиҳо ва маҳаллаҳои ҳунарҳои мардумӣ рафта  бо анъана ва санъатҳои беназири тоҷикӣ шинос  шуданд.  Онҳо аз ҳавлиҳои ҳунармандон, ки дар онҳо ҳунарҳои мардумӣ ба монанди наққошӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ, бофандагӣ ва ҳавлии тоҷир ба намоиш гузошта шудаанд, дидан карданд. Меҳмонон бо таваҷҷуҳ ба тарзи кор ва маҳорати ҳунармандон ва анъанаҳои бо асрҳо қадршаванда шинос шуда аз наздик таҷрибаи фарҳангии мардуми тоҷикро эҳсос карданд.

Дар анҷоми боздид аз макони таърихӣ, меҳмонон аз сатҳи баланди истиқбол, фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин аз имкониятҳои васеи муаррифии фарҳангиву таърихии кишвар изҳори минатдорӣ намуданд. Онҳо таъкид кардаанд, ки ин гуна барномаҳои сафари ба густариши робитаҳои дӯстона, шинохти амиқи фарҳанг ва таҳкими ҳамкориҳои байни халқҳо мусоидат  хоҳад кард.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲайати давлати Қувайт аз қалъаи таърихӣ боздид намуданд
Scroll to Top