Санаи 05-уми декабри соли 2025 дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Хуан Чун Сиа - роҳбари корпоратсияи”Сишиан Чунхай Крос Култура Эксчени”-и Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф овард.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати меҳмонон аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи қалъаи таърихӣ Иброҳим Иброҳимов- Омири кулли муассисаи мазкур, шахсан пешвоз ва хайру мақдам гуфт.



Пас аз маросими истиқбол барои меҳмонон сафари шиносоӣ бо толорҳои намоиши қалъаи таърихӣ ташкил карда шуд. Даврон Тошматов – роҳбалади ботаҷрибаи муассиса ба меҳмонон дар бораи таърихи чандҳазорсолаи шаҳри қадимаи бостонии Хуҷанд, марҳилаи ташкилшавии бунёди боҳашамати қалъаи таърихӣ,ёдгориҳои қадима, санъати кундалкорӣ, гаҷкорӣ, осори пайдоиши ашёҳои нодири қаъри асрҳо, ки ба намоиш гузошта шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Меҳмонон аз толорҳои намоиши пай дар пай гузар намуда аз бахшҳои намоишгоҳ изҳори ҳавасмандӣ намуда ба китоби “Меҳмонони фахрӣ” тасаввуроти хешро ёддошт намуданд. Гуфта шуд, ки қалъаи таърихӣ дорои арзишҳои нотакрори фарҳангӣ ва муҳими таърихӣ мебошад, ки ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои фарҳанг, илм, сайёҳӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотӣ иброз доштанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ меҳмонон ба роҳбарияти муассисаи мазкур барои истиқболи гарму самимӣ ва имкони шиносоӣ бо таърихи пурғановати халқи тоҷик изҳори сипос намуданд.



Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”