Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мақоми хоса дошта , такмили он дар сатҳи минтақаҳо аҳамиятӣ стратегӣ дорад.
Маврид ба зикр аст, ки вилояти Суғд бо доштани манзараҳои нотакрор, ёдгориҳои бостонӣ ва инфрасохторҳои рӯз ба рӯз рушдёбанда аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ бархурдор мебошанд.Бо дарки зарурати таҳияи стратегияи муассир барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии беҳтари иқтидориҳои сайёҳии вилояти Суғд , дар толори Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”бо иштироки коршиносони байналмилалии ширкати “Кронвелл Груп”- и Федератсияи Русия , семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Сайёҳӣ ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодии вилояти Суғд” бо ҷалби мутахассисони соҳа баргузор гардид.
Чорабинии семинари омӯзиширо Анвар Яъқубӣ - Муовини Раиси вилояти Суғд ифтитоҳ намуда , меҳмонони хориҷиро ба ҳайси иштирокчиён муаррифӣ аз номи ҳозирин хайру мақдам намуда ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.


Ҳадаф ва баргузории чунин чорабинии мазкур дар самти рушди сайёҳӣ ин заминаҳои илмӣ, амалии идоракунии соҳаи туризмро таҳким бахшидан, роҳҳои нави рушди устувории сайёҳиро муайян намудан аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки семинари мазкур ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи масъулони соҳаи сайёҳӣ, ташкилотҳои хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо ва дигаре равона гардида, масъалаҳои асосӣ дар самтҳои зерин баррасӣ ва пешниҳод гардиданд, минҷумла омӯзиши таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар ҷалби сайёҳон, рушди инфрасохторҳои сайёҳӣ дар марказҳои таърихию фарҳангӣ, таблиғ ва ҷойгузории дурусти бренди сайёҳии минтақа дар бозори ҷаҳонӣ муҳокима карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки коршиносони ширкати “Кронвелл Груп” таҷрибаи худ оид ба идоракунии муассир, таҳияи лоиҳаҳои ҷолиби сайёҳӣ, стандартҳои хизматрасонӣ, механизмҳои ҷалби сармоягузорӣ ва роҳҳои шаклгирии мавсими устувори сайёҳиро муаррифӣ намуданд.



Дар ҷараёни семинар таъкид гардид, ки вилояти Суғд, дорои имкониятҳои нодири сайёҳӣ мебошад, ба монанди дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ, манзараҳои табии нотакрор, оби чашмаҳои шифобахш ва дигаре. Бо ин имкониятҳо вилояти Суғд метавонад ба яке аз самтҳои асосии сайёҳии кишвар табдил ёбад.
Метавон гуфт, ки ин чорабинӣ ба як қадами муҳим дар самти ташкили сиёсати муассири сайёҳӣ дар сатҳи вилоятӣ мубаддал мегардад.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони хориҷӣ ба такмили малакаи кадрҳои ҷавон, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва тақвияти нақши вилояти Суғд дар харитаи сайёҳии кишвари Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”