Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали «Оши палав» дар Маҷмаа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.

     Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ба Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда,  бо ҷараёни омодасозии Оши палави иштирокчиёни ҷашнвора шинос гардид.

     Оши палов ё худ палав - таоми миллии тоҷикон ба ҳисоб рафта, он аз қадимулайём хӯроки дӯстдоштаи мардуми тоҷик мебошад.

    Дар Маҷмаа дастурхони идона ороста шуда, дар он беш аз 4000 нафар сокинон ва иштирокдорони зиёди фестивал ба таври ройгон аз Оши палави омодакардаи ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят тановул намуданд..

    Барои иштирокчиён – ошпазҳои беҳтарин диплому мукофотпулиҳо тақдим шуд. Ба иштирокчиёни беҳтарини Фестивали “Оши палав” аз рӯи бахшҳои “Оши палави беҳтарин” - 5000 сомонӣ (ғолиби бахш Хайём Бобомуродов аз Панҷакент), “Ошпази касбии беҳтарин” – 3 000 сомонӣ (ғолиби бахш Раҳимов Мирзобарот аз Хуҷанд), “Ошпази беҳтарин байни муйсафедон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Холиқов Зикриё аз Исфара), “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Санавбар Зоҳидова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов), “Ошпази беҳтарин байни мардон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Аюб Бурҳонов аз ноҳияи Деваштич), “Ошпази беҳтарин байни занон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Кифоят Азимбоева аз Зафаробод), “Ошпази беҳтарин байни домодҳо” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилшод Дадобоев аз Куҳистони Мастчоҳ), “Ошпази беҳтарин байни арӯсон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Зарина Сатторова аз ноҳияи Спитамен), “Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Қаюм Исмонов аз Конибодом), “Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Дилноза Султонова аз шаҳри Гулистон), “Ошхури беҳтарин” – 2 000 сомонӣ (ғолиби бахш Рустам Худойназаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), “Табақи калонтарин ва зеботарини миллӣ” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истаравшан), “Саҳнача, намоиши фарҳангии беҳтарин” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш шаҳри Истиқлол), “Дастони моҳир” – 1000 сомонӣ (ғолиби бахш Сатторов Мелибой аз ноҳияи Ашт) диплому мукофотпулиҳо супорида шуд.

   Дар фестивали мазкур меҳмонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла аз шаҳри Душанбе, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсиятҳои шинохта, олимону зиёиён, хабарнигорони расонаҳо, иштирокчиёни Машварати омӯзишии адибони ҷумҳурӣ ва теъдоди зиёди сокинон иштирок намуданд.

    Зикр намуд, ки ин бори дуввумин дар вилояти Суғд Фестивали «Оши палав» доир гардида, соли гузашта низ чунин фестивал баргузор шуда буд ва дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда буданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали «Оши палав» дар Маҷмаа
Scroll to Top