Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз қаламча то гулзор

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳақиқат, шаҳри бостонии Хуҷанд на танҳо маркази фарҳангию таърихӣ, балки ҳамзамон яке аз манзараҳои зебову диданбоби кишвар маҳсуб меёбад. Ин шаҳри қадима бо кӯчаҳову хиёбонҳои тозаву озода, гулгаштҳои сарсабз, биноҳои қадимаву ёдгориҳои меъморӣ ва манзараҳои дилошӯби дарёи Сир, бахусус боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Маҳз ҳамин ҳамбастагии таъриху фарҳанг ва табиат Хуҷандро ба яке аз ҷойҳои истироҳатӣ ва дӯстдоштаи сокинону меҳмонон табдил додааст.

Дар ин раванди ҳамбастагӣ ва  омодасозӣ ба  мавсими баҳор, ки яке аз анъанаҳои  умедбахш таҷдид мегардад, бо сарварии Абдусалом Қурбонзода – директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва аз ҷониби боғбонон шинонидани қаламчаҳои гулҳои зерипленкавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдом  солҳои зиёд аст, ки ба рамзи ҷонбахши табиат, муҳаббат ва зебогиву эҳтиром ба муҳити зист табдил ёфтааст. Бо кӯшишу заҳмати онҳо садҳо ҳазор қаламча ба ниҳоли гул аз сурх то зард, аз сафед то бунафша дар гулгашту роҳравҳои боғи фароғатӣ ва қалъаи таърихӣ шинонида мешаванд. Ин ҷараён на танҳо боғро зеботар мекунад, балки ҷалби меҳмонону сайёҳон, ташкили фазои руҳбахш ва баланд бардоштани сатҳи муҳити зист ҳиссаи муҳим мегузорад.

Одатан  дар  мавсими баҳор шинонидани навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ истифода мешаванд, ки тобовар ва рангоранги хоса дошта бошанд. Аз ҷумла, гулҳои петуния, бегония, салвия, садбарги сафеду сурх  ва дигар навъҳои гуногуни гулҳо, ки ҳар кадом бо рангу таровати хосаи худ фарқ мекунанд, ба боғи истироҳатӣ ва қалъаи таърихӣ наҳкати махсус мебахшанд. Ин рангорангии гулҳо дар ҳамбастагӣ бо тарҳи зебои гулзорҳо ҳар гӯшаи ин маконро ба манзараҳои зебову ҷаззоб табдил медиҳад, ки дили ҳар бинандаро мафтуни худ месозад.

Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани нашъунамои хуби гулҳо боғбонон як қатор усулҳои боғдориро истифода мебаранд. Аввалан, хокро омода менамоянд, сипас қаламчаҳоро бодиққат интихоб мекунанд, то ки навдаҳои солим ва решадор бошанд. Баъдан тартиби дурусти масофабандӣ ва обёрии мунтазамро риоя мекунанд. Бале. дар мавсими баҳор гулзорҳои муассисаи мазкур ба як гӯшаи биҳиштосо табдил хоҳанд ёфт, ки ин иқдомҳои нек сифати ҳаворо тоза ва муҳити зистро зебо ва ҷолиб месозанд.Ҳар гул ва ҳар навъе, ки бо меҳру заҳмати боғбонон парвариш меёбанд, ба фароғат ва оромии меҳмонон ҳисси зебоӣ ва хушнудӣ мебахшанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдоми ҳамасола нишон медиҳад, ки руҳияи истироҳаткунандагонро болида месозад ва  зебогии муаттар бо табиат робитаи амиқ дорад. Боғбонон барои ободии гӯшаи нотакрор пайваста талош меварзанд, то назаррабо ва барои истироҳат муносиб бошад. 

Маҳз, ҳамин заҳматҳои содиқонаи боғбонон аст, ки ба мардум имконият  медиҳанд, ки аз сафои табиат баҳра гиранд ва эҳсоси фароғатӣ пайдо кунанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз қаламча то гулзор
Scroll to Top