Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчам миллӣ – рамзи ифтихору ваҳдати давлатдории тоҷикон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳар як миллату давлат дорои рамзҳои муқаддасест, ки ҳастӣ, иттиҳод ва арзишҳои онро таҷассум мекунанд. Барои миллати тоҷикон чунин рамзҳо – Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ мебошанд, ки ҳар се ин рамзҳо таҷассумгари истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллии мост. 

Ҳамасола, дар кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол, рӯзи 24- уми ноябр дар таърихи навини мамлакат ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки ин рӯз нишони эҳтиром ба яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории тоҷикон аст.

Қобили зикр аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Ин ҳодисаи таърихӣ пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ сурат гирифт ва оғози марҳилаи нави давлатсозии миллиро ифода намуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранги уфуқӣ, яъне сурх, сафед ва сабз иборат аст. Дар миёнаи он тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад. Ҳар яке аз ин унсурҳо маънои амиқи рамзӣ доранд: ранги сурх – рамзи шуҷоат, ҷасорат ва муборизаи ниёгони мо барои озодӣ мебошад. Ранги сафед- нишонаи покӣ, ростӣ, адолат ва нури офтоб аст, ки дар дили ҳар фарди тоҷик бояд равшан бошад. Ранги сабз- рамзи зироаткорӣ, ҳаёт , шукуфоӣ ва табиати сабзини диёри мост. Тоҷ ва ситора , ки дар маркази парчам ҷой доранд, рамзи истиқлол, ваҳдат ва бахту саодати халқи тоҷик мебошанд. Ҳафт рақам  дар фарҳанги тоҷикӣ ва исломӣ рамзи камол ва камолот ба шумор меравад.

Парчами миллӣ барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон на танҳо рамзи давлат, балки рамзи ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Имрӯз он дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ бо эҳтиром афрохта мешаванд. Ҳар маротиба, ки парчам дар варзишгоҳҳо боло меравад ё дар маросимҳи байналмилалӣ парафшон мешавад, эҳсоси фикр ва ватанпарастӣ дар дилҳо бедор мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ , таҳти роҳбарии Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром ва маърифатӣ парчамдорӣ дар ҷомеа ба сатҳи баланд расидааст. Ҳатто дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, соли 2011 баландтарин пояи парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр шинонида шуд, ки он на танҳо рамзи ифтихори миллӣ, балки нишони пешрафт ва мутаҳҳидии халқи тоҷик мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ягонагии наслҳои гузашта, имрӯз ва ояндаи миллат аст. Он моро ба меҳнат , созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол даъват мекунад. Ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон вазифадор аст, ки ин рамзи муқаддасро дӯст доранд, эҳтиром намоянд ва маънои онро ба наслҳои наврас омӯзонанд.

Бигзор, парчами миллӣ ҳамеша болои сари миллати тоҷик партавафшон бошад, зеро он рамзи абадии давлати соҳибистиқлол, муттаҳид ва пешрафти тоҷикон аст.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчам миллӣ – рамзи ифтихору ваҳдати давлатдории тоҷикон
Scroll to Top