Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қаълаи Хуҷанд –меҳвари ҳамкории сайёҳии Тоҷикистону Фаронса

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳамчун яке аз муҳимтарин марказҳои ҳифз ва муаррифии мероси миллӣ, ҳамеша талош меварзад, ки имкониятҳои сайёҳии кишварро тавсеа бахшида , робитаҳои байналмилалиро густариш диҳад.

Дар ин замина бо дастгирии сохторҳои марбутаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар ҳудуди муассисаи мазкур, маркази сайёҳӣ ва иттилоотии шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Ин иқдом қадамҳои нав ба самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии таърихи бостонии Хуҷанд ба ҷаҳониён мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи таҳкими робитаҳои дӯстона, рушди сайёҳӣ ва муаррифии мероси бойи фарҳангии халқи тоҷик амалӣ гардида, яке аз марҳилаҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад. Маркази сайёҳӣ ва иттилоотӣ бо ташаббуси Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд - Алянс Франсэзи Хуҷандтаъсис дода шуда , ҳадафи асосии он тақвияти табодули фарҳангӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, хусусан шаҳрвандони Ҷумҳурии Фаронса, инчунин расонидани хизматрасониҳои иттилоотӣ ба меҳмонон мебошад. Бояд қайд кард ки дар давоми ин ҳамкории дутарафа Алянс Франсэзи Хуҷанд ҳамчунин курсҳои омузишии забонҳои англисӣ ва фаронсавиро барои кормандони Қалъаи Хуҷанд ташкил кард.

 

Дар марказ сайёҳон метавонанд бо таъриху тамаддуни шаҳри бостонии Хуҷанд, имкониятҳои сайёҳӣ ва дигар мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистони офтобрӯя шинос шаванд. Ҳамзамон маркази мазкур , ҳамчун пойгоҳи иттилоотӣ фаъолият намуда ба сайёҳон маълумоти муфассал дар бораи хатсайрҳо, осорхонаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, меҳмонхонаҳо ва имкониятҳои истироҳативу фарҳангии минтақа пешниҳод менамояд. Таҳкими чунин инфрасохтор дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” на танҳо сатҳи хизматрасониро боло мебарад, балки ба рушди иқтисоди сайёҳӣ ва ҷалби меҳмонони бештар мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти муассисаи мазкур изҳори умедворӣ менамояд, ки  Маркази сайёҳӣ ва иттилоотии шаҳри Хуҷанд ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани ҷозибияти сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва ба минтақаҳои Тоҷикистон саҳми шоиста  мегузорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Тоҷикистону Фаронса, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар Маркази сайёҳӣ ва иттилоотии навтаъсис бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон як ташаббуси муҳими омӯзишиву таҷрибандӯзӣ амалӣ гардид.

Дар ин доира  Иброҳим Иброҳимов -Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” ва  Сайфиддинов Абдуҳафиз- мутахассиси масъули Маркази сайёҳӣ ва иттилооти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Париж ва як қатор марказҳои фарҳангиву сайёҳии Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд. Ин сафари омӯзишӣ, ки давоми 7 –рӯз идома кард ба ҳайат имконият фароҳам овард, то бо таҷрибаи муосири ташкил ва идоракунии сайёҳӣ, меъёрҳои баландсифати хизматрасонӣ, усулҳои ҷалби сайёҳон ва роҳҳои муаррифии мероси фарҳангӣ аз наздик шинос шаванд.

Ҳамзамон, мулоқоти корӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва марказҳои иттилоотии сайёҳии Фаронса баргузор  гардида, барои рушди минбаъдаи Маркази сайёҳии Хуҷанд ва пешравии робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Фаронса заминаҳои устувор гузошта шудаанд. Тибқи арзёбии иштирокчиён ин таҷриба ба такмили фаъолияти марказ, истифодаи усулҳои иноватсионӣ дар пешниҳоди хизматрасонӣ ва боло бурдани ҷолибияти сайёҳии байни ду кишвар нақши назаррас хоҳад гузошт.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚаълаи Хуҷанд –меҳвари ҳамкории сайёҳии Тоҷикистону Фаронса
Scroll to Top