Санаи 30.09.2016 дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» конфронси илмӣ-адабии «Китоб-сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ» бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» гузаронида шуд.
Доир ба ин конфронс гӯшаи намоиши китобҳо ба роҳ монда шуд, ки дар он китобҳои аз китобхонаи вилоятии-оммавии ба номи Т.Асирӣ, Маркази илмӣ ва китобу дастхатҳо аз тадрисгоҳи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба намоиш гузошта шуд.
Оғози конфронс аз суханони директори «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Насриддинов Ф. оғоз ёфт. Ӯ ҳамаи ҳозиринро бо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табрик намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд – мӯҳтарама Ғаффорӣ Н.А. дар конфронси илмӣ иштирок намуда, баромад намуданд ва табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба саҳми ҳозирин расониданд.
Умеда Ғаффорова-доктори илмҳои филологӣ, профессор бо маърӯзаи «Саҳми муҳаққиқони вилояти Суғд дар нашру таҳқиқи осори илмӣ-адабӣ», Нуруллохон Ғиёсов-номзади илмҳои филологӣ, дотсент бо «Фаслномаи «Камоли Хуҷандӣ» ва таҷҷассуми ташаккули адабиётшиносӣ дар 25-соли Истиқлолият», Тоҷибой Султонзода-номзади илмҳои филологӣ, дотсент бо маърӯзаи «Мактабҳои илмии даврони Истиқлол ва рушди Мавлавишиносии тоҷик» баромадҳо намуданд.
Дар рафти конфронс изҳори андеша дар мавриди мӯҳтаво ва мундариҷаи дастовардҳои тозанашри «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сухан ронда шуд.
Дар анҷоми конфронс доктори илмҳои филологӣ, нависанда, муҳаққиқи варзида Атахон Сайфуллоев ба сухан баромада, аз номи ҳамаи нависандагон ва шоирони Хуҷанд ҳозиринро бо 25-солагии Истиқлолият ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табрик намуданд.
Конфронс бо тақдими ҳадяҳои Раиси вилоят ба муҳаққиқон анҷом ёфт.