Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаввораҳо дар оромии зимистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фаввораҳо яке аз зеботарин унсурҳои меъморӣ ва ороиши муҳити зист ба шумор мераванд, ки аз замонҳои қадим то имрӯз таваҷҷуҳи инсонро ба худ ҷалб мекунад. Ин офаридаи зебои дастии ҳунармандони мардумӣ на танҳо манбаи об, балки рамзи ҳаёт ва оромӣ мебошад.

Агар ба таърихи гузашта назар афканем, аз ҷумла дар Юнони қадим, Рум ва Шарқи исломӣ фаввораҳо на танҳо нақши амалӣ доштанд, балки ҳамчун нишонаи фарҳанг, зебопарастӣ , пешрафти техникӣ ва таъмин намудани оби тоза истифода мешуданд.

Имрӯзҳо метавон мушоҳида кард, ки фаввораҳо як ҷузъи ҷудонопазири боғҳо, майдончаҳо, хиёбонҳо ва муассисаҳои фарҳангиву сайёҳӣ ба шумор мераванд. Фаввораҳо бо садои оби равон, ҳаракати нозуки қатраҳо ва ҳамоҳанги онҳо бо рӯшноӣ ба муҳити атроф эҳсоси тоза , оромӣ ва зебоӣ мебахшанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, ҳамеша макони сайру гашти истироҳат ва ҳаёти тобистонӣ барои сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ буд. Ба ин хусус саҳару шомгоҳон фаввораҳои зебои қатории боғи фароғатӣ,  ки бо оби пурҳаракати худ ба осмон меҷаҳанд, дар  як саф  кашидашуда, манзараи дилфиреб ва гӯё  мусиқии дилнишини обиро намоиш медиҳанд. Обҳои зулол пешу қафо ба баландӣ баромада , чун тирукамон медурахшанд. Ҳар нафароне, ки ба боғи истироҳатӣ сайру гашт мекунанд ба онҳо  фаввораҳо нафаси зиндагӣ мебахшиданд. Кӯдакон бо шодмонӣ  гирду атрофи онҳо давр мезананд, калонсолон дар зери сояи дарахтон  бароҳат дам мегиранд. Бале, фаввораҳо танҳо як ҷузъи тасвири зебогӣ набудааст, балки рамзи ҳаракат, зиндагонӣ ва шодмонӣ ба муҳити боғ будааст.

Бо фарорасии фасли зимистон, мутахассисони техники  ба ҳолати кории таҷҳизоти муҳаррикҳои барқӣ диққати махсус медиҳанд. Ҳадафи  асосии ин чорабинӣ  таъмини фаъолияти устувор ва боэътимоди муҳаррикҳо дар шароити  ҳарорати паст ва сардиҳои шадид мебошад. Дар доираи  корҳои пешгирикунанда, ҳолати  умумии таҷҳизот, равғанҳо ва изолятсияи системаҳои ноқилҳо ба роҳ монда мешавад. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки хатари садамаҳо ва вайроншавии таҷҳизотҳо коҳиш меёбад ва кори мунтазами системаҳои фаввораҳоро дар давраи ояндаи фасли сол таъмин мекунад.

Дар натиҷа оромии фасли хунуки оҳиста – оҳиста  ба боғи фароғатӣ ҳукмфармо мегардад, ин оромӣ баёнгари тағйироти табиат аст ва имконият медиҳад, ки сокинону меҳмонон ба фасли нав ва ҳисси фарқкунандаи он ворид мешаванд. Фаввораҳо дар оромии зимистон на танҳо қатъи фаъолияти обҳоро нишон медиҳанд, балки таъкид мекунанд, ки фаслҳо ҳамеша бо паёму ҳикмати худ меоянд. Ин қатъ шудани фаввораҳо на танҳо тайғири фаслро нишон медиҳад, балки ба сокинону меҳмонон имконият медиҳад, ки фасли зимистонро эҳсос кунанд. Дар ҳамин рӯзҳо, садои шодию шӯхи кӯдакон ва оббозии фаввораҳо ҷои худро ба сукути хоси зимистон медиҳанд.

Оромии боғи истироҳатӣ, баргҳои рехта ва ҳавои софу сард гӯё симои дигареро ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанди бостонӣ мебахшад. Дар чунин ҳолат табиат худро ба оромӣ месупорад, то қуввати тоза бигирад ва баҳори навро бо шукуфтану зиндашавӣ истиқбол намояд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаввораҳо дар оромии зимистон
Scroll to Top