Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ташрифи ҳайати сайёҳӣ ва Иттифоқи касабаи вилояти Свердловск ба Қалъаи таърихии Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, сафарҳои расмӣ ва боздидҳои фарҳангӣ  дар таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозанд.

Бо ҳамин мақсад ҳайати намояндагони сайёҳӣ ва Иттифоқи касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Русия бо сафари расмӣ ба вилояти Суғд,  шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар ҷараёни доираи сафари расмӣ санаи 16- уми ноябри соли 2025 ҳайати меҳмонон бо мероси таърихӣ ва фарҳангӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шинос гардиданд.

Ҳайати меҳмононро шахсан Иброҳим Иброҳимов- Омири кулли муассисаи мазкур пешвоз ва хайру мақдам гуфт.

Сипас, меҳмононро Мирзоева Иноятхон- роҳбалади ботаҷриба сайри илмӣ гузаронид. Онҳоро аз осорхонаи таърихӣ бо коллексияҳои нодири бостоншиносӣ, этнографӣ ва ҳунарҳои қадимаи миллии тоҷикон ошно намуда, оид ба таърихи бозёфтҳои куҳанбунёди гузаштагон маълумоти бештар дод. Намунаҳои ашёҳои қадимӣ, ҳуҷҷатҳо, ёдгориҳои фарҳангӣ ва дигар таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ  ҷалб  намуданд.

Ҳайати меҳмонон нахуст аз толорҳои қалъаи таърихӣ дидан карданд, ки яке аз қадимтарин макони таърихӣ ба шумор меравад. Меҳмонон аз таърихи бунёди қалъа, нақши он дар давраҳои мухталифи тамаддуни ориёӣ, ки ашёву маводҳо гузошта шуданд, шинос гардиданд.

Ба муносибати анҷоми сафари корӣ яке аз намояндагони ҳайат бо камоли эҳтиром дар китоби “Меҳмони фахрӣ” ёддошти туҳфаомез гузошта аз сатҳи баланди ташкили чорабинӣ, меҳмондории анъанавии  тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд қадрдонӣ намуд.

Дар ҷараёни ин дидор, Қодирова Фотимахон -  Раиси Иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд, низ иштирок доштанд. Ӯ дар рамзи пазироии ҳайати меҳмонон гуфта гузашт, ки аҳамияти чунин сафарҳои омӯзишию дӯстиро барои муаррифии потенсиали фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд айни муддост.

Қодирова Фотимахон бо ишора ба дастгирии пайвастаи ҳунармандони маҳаллӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи вилояти Суғд қайд намуд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо вилояти Свердловск барои рушди сайёҳии минтақа, муболилаи таҷриба ва ҷалби сармояи фарҳангӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Ҳамзамон, дар толори хурди қалъаи таърихӣ, оид ба лоиҳаҳои амаликунанда дар самти ҳунарҳои мардумӣ, такмили инфрасохторҳои сайёҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои миллӣ мулоқоти кӯтоҳ доир гардид.

Намояндагони ҳайат ба нақши Иттифоқи касаба дар ҳифзи манфиатҳои кормандони соҳаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор кардаанд.

Баъдан, ҳайати меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан карданд. Дар ҳавлии ҳунармандони мардумӣ меҳмонон бо равандҳои истеҳсолӣ ба монанди гилембофӣ, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ  ва дигар ҳунарҳои анъанавӣ шинос шуданд. Меҳмонон аз маҳсули дасти устоҳои маҳаллӣ изҳори таваҷҷуҳ ва хушнудӣ намуда, васеъ шудани чунин марказҳои фарҳангиро барои рушди сайёҳӣ хело муҳим арзёбӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки сафари кории ҳайати меҳмонони вилояти Свердловски Федератсияи Русия бо таҷрибаи фаромӯшнашаванда анҷом ёфт. Меҳмонон бо мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии Хуҷандшаҳр шинос шуда, аз меҳмоннавозии гарму самимии мардум изҳори минатдорӣ намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки чунин боздид на танҳо барои шиносоӣ бо фарҳанги миллати тоҷикон муҳиманд, балки  барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва ҳунар низ заминаи устувор мегузоранд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТашрифи ҳайати сайёҳӣ ва Иттифоқи касабаи вилояти Свердловск ба Қалъаи таърихии Хуҷанд
Scroll to Top