Ба шарофати сиёсати дурбинона ва ҳикмати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта ва рушди иҷтимоию иқтисод устуворона таъмин гардида, нуфузи он дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад.
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Рўзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.
Дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд давлати Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби давлати ободу озод мебошад.


Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазоӣ нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Дар ҳақиқат тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрзӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.


Бахшида ба Рӯзи Президент дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти мавзӯи “Пешвои миллат – роҳнамои миллат” баргузор гардид. Чорабини бо сухани ифтитоҳии омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” И. Иброҳимов оғоз гардид.
Дар чорабинӣ Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, Тоҳиров Муродҷон собиқадори Вазорати корҳои дохила, Вакили иҷлосияи 16-ум, Набизода Ваҳҳоб Машрап – доктори илмҳои таърих, профессори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, Расулҷон Солиҷонов – доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашининосии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон, Шавкат Шарипов, дотсент номзади илмҳои таърих, донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров - факултети таърих ва ҳуқуқ, шарқшиносӣ, донишҷӯёни донишкадаи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок карданд.


Имрӯз шукрона аз неъматҳои Истиқлои давлатӣ менамоем, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор ва муаззаму маҳбуб дорем.
Сайфиева Шарифа- мудири шӯъбаи
оммави-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа