Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

40 000 – бех гулҳои ороишӣ - зеббахши маҷмаа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба ободониву кабудизоркунии кӯчаву хиёбон ва марказҳои истироҳативу фароғатии шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.

Дар семинар масъулину мутасаддиёни сохторҳои марбута, муовинони раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Зимни баргузории семинари дастурдиҳӣ нахуст доир ба шинонидани гулҳои мавсимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки якчанд навъи гулҳо аз қабилӣ “Гулкарам”, “Виолла”, “Синерарий” ва “Ҳамешабаҳор” ба иқлими вилояти Суғд мутобиқ буда, новобаста аз сардии ҳаво доим шукуфон боқӣ мемонад. Масъулинро зарур аст, баҳри гулкориву сабзпӯш намудани кӯчаву боғҳо тадбирҳои мушаххас андешида, бо маслиҳати мутахассисони соҳа раванди ободониву гулкориро вусъат бахшанд. Роҳбари вилоят ҷиҳати ба таври доимӣ зебо нигаҳ доштани марказҳои фароғатии шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки корҳои мавсимӣ барои зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳозир оғоз ёфта, гулҳои зимистона бо тарзу усули хоса ва ороишӣ махсус ба кӯчаву хиёбон, аз ҷумла боғҳои истироҳативу фароғатӣ шинонида шавад. Дар ин самт истифодаи гулкарам ба манфиати кор арзёбӣ гардид. Раиси вилоят дастур дод, ки нархи гулҳои омодагашта бояд барои ҳама дастрас бошад ва тамоми қаламрави вилоят, аз ҷумла назди муассисаву ташкилоту корхонаҳо сабзу хуррам гардонида шавад. Шинонидани гулҳои мавсимӣ бо тарзу услуби хоса ва ороиши махсус дар марказҳои шаҳру навоҳӣ, роҳҳои протоколӣ, аз ҷумла шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров ба манфиати кор арзёбӣ карда шуд.

Зимнан, Раиси вилоят фаъолияти кунунии «Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-ро мавриди назар қарор дода, ҷиҳати ободониии ҳудуди боғ, ба таври доимӣ тоза нигоҳ доштани он, чароғонкунӣ, фаъолияти мунтазами фаввораҳо, инъикоси анъанаҳои миллӣ, таъмири роҳравҳо, башаклдарории дарахтон ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маълумот дода шуд, ки соли равон аз «Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 160 ҳазор нафар сокинон боздид ба амал овардаанд. Аз ин шумора 2 ҳазор нафари боздидкунандагонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки маҷмаа бояд доимо тоза нигоҳ дошта шуда, фарҳанги волои халқи тоҷикро инъикос намояд. Ташкили фурӯшгоҳи таомҳои миллӣ, ки барои сайёҳон намудҳои гуногуни таомро омода ва пешкаш месозад, мувофиқи матлаб арзёбӣ гардид. Ҳангоми боздид Раиси вилоят ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти маҷмааи мазкур масъулинро вазифадор намуда, таъкид дошт, ки гулҳои зимистона бояд дар ҳудуди боғ васеъ истифода бурда шавад. Соли равон мутахассисони Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳудуди маҷмаа ҷойгир аст, беш аз 180 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонидаанд ва мувофиқи нақша барои давраи тирамоҳу зимистон боз 40 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида мешавад.

Зимни боздид аз чорбоғи Камоли Хуҷандӣ Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати нигоҳубини боғи дарахтони мевадиҳанда, кишту парвариши бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ, башаклдарории дарахтон ва ғайра дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар фасли тирамоҳ ҳамаи гулҳои садбарг бояд қаламча карда шуда, дар гармхонаҳо  нигоҳубин ва парвариш карда шавад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ  метавон шумораи ин навъи гулро дар қаламрави вилоят бамаротиб зиёд намуд.

Бояд қайд кард, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар  мусобиқаи ҷумҳуриявии “Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ”, ки бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, сазовори мақоми ифтихорӣ гардид ва беҳтарин боғи истироҳатии мамлакат дониста шуд. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд ба мавзеъи дӯстдоштаи сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр ва сайёҳони хориҷӣ мубаддал гардидааст ва ҳамарӯза ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ба ин макон ташриф оварда, вақти худро хуш мегузаронанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО40 000 – бех гулҳои ороишӣ - зеббахши маҷмаа
Scroll to Top