Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷуръати Куруши Кабир дар оинаи санъат

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар таърихи инсоният шахсиятҳое ҳастанд, ки бо ҷуръат, хирад ва адолати худ на танҳо сарнавишти як миллат, балки роҳи рушди тамаддуни башариро дигар карданд. Яке аз чунин абармардон – Куруши Кабир аст, ки номи ӯ дар саҳифаҳои таърих ҳамчун поягузори давлатдории адолатпарвар ва инсонгаро сабт шудааст.

Имрӯз ин ҷеҳраи таърихӣ дар мусавварае, ки Фаррух Самадов - рассоми маъруфи тоҷик  бо ҷилои тоза ва руҳи миллӣ офаридааст. Бале , нигоҳи нав ба мусавварае, ки дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амали”-и Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, яке  аз эҷодиёти рассоми мардумӣ Самадов Фаррух  бо номи “Ҷуръати Куруши Кабир”, саҳифаҳои дурахшони таърихи башариятро ба таври рангин ва мусаввир ифода мекунад ба намоиш гузошта шудааст.

Ин асар  яке  аз эҷодиёти рассоми халқии Тоҷикистон, устод Самадов Фаррух, ки ба симои шоҳ ва сиёсатмадори бузурги ҷаҳонӣ- Куруши Кабир бахшида шудааст. Мусаввара  андозаи  1,7 х 2.6 м дошта  бо истифода аз техникаи анъанавии рангҳои равғанӣ офарида шудааст, ки бо дурахши рангҳо ва амиқии маънои тасвир ба яке аз асарҳои барҷастаи санъати муосири тоҷик табдил ёфтааст. Рассом тавонистааст, симои Куруши Кабирро , ки  рамзи давлатдории қадим , инсондӯстӣ ва адолат, дар руҳияи замон бо эҳсоси ватандӯстӣ ва нигоҳи илҳомбахши миллӣ таҷассум менамояд.

Бояд қайд намуд , ки Куруши Кабир шоҳаншоҳи порсӣ ва асосгузори империяи бузурги Ҳахоманишиён, яке аз ҷеҳраҳои барҷастаи таърихи ҷаҳон аст, ки бо ахлоқи баланди инсонӣ ва сиёсати адолатпарварона шуҳрат ёфтааст. Маъруф аст , ки пас аз ғалаба бар Бобил ӯ аввалин “Эъломияи ҳуқуқи инсон”-ро содир намудааст. Ин ҷуръати  таърихӣ – ҷуръати адолат, озодӣ ва эҳтиром ба инсон , имрӯз низ арзишманд боқӣ мондааст. Рассом Самадов Фаррух , маҳз ҳамин руҳияро дар маркази тасвири худ қарор додааст, ки ба монанди ҷеҳраи пурором, вале пурқуввати Куруши Кабир, нигоҳи мутмаин ва ишораи дасти ӯ , ки гӯё мардумро ба ваҳдат ва сулҳ даъват мекунад, рамзи ҳуқуқ, адолат ва бузургии фарҳанги ориёӣ мебошад.

Қайд намуд, ки ҳар як зарбаи мӯқалам дар ин мусаввара пур аз маънои хаёли аст, ки рангҳои гарми тиллоӣ ва сурхи пасти заминӣ бо оҳангҳои сабзи ором омехта шуда, рамзи нерӯ ва  ҳаёт мебошанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рассом бо сабки худ хос, ки миёни воқеъбинӣ ва рамзгароӣ қарор дорад , симои таърихро ба тасвири замонавӣ табдил додааст. Дар ҷеҳраи шоҳ на танҳо қувваи ҳукмронӣ , балки ҳассосият, андеша ва инсонгароӣ эҳсос мешавад. Ин хислатҳо маҳз он ҷуръатанд, ки Курушро аз ҳокимони дигар фарқ мекунанд.

Бале, намоиши мусаввара дар қалъаи таърихӣ , ки маркази фарҳанг ва таърихи тоҷикон аст, маънои рамзӣ дорад. Ин асар на танҳо як зебоии эстетикӣ, балки даъват ба худшиносӣ ва эҳтироми мероси таърихӣ мебошад. Сокинону меҳмонони дуру наздик ва  наврасону ҷавононе, ки аз ин толори намоишӣ дидан мекунанд бо шинохти амиқтар аз решаҳои тамаддуни гузашта  рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамин гуна намоишҳо ба вижа дар замоне, ки  арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳамдигар омехта мешаванд, нақши муҳим доранд. Онҳо бинандаро хотиррасон мекунанд, ки миллати тоҷик бо решаҳои қадимаи фарҳангии худ аз давраи Ҳахоманишиён то замони муосир, ҳамеша ҷонибдори адолат, ҷуръат ва сулҳ будаанд.

Мусаллам аст, ки намоиши мусаввара на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки паёми фарҳангиву инсонӣ аст. Ҳунарманди мардумӣ рассом Самадов Фаррух бо қалами ҳунарманди хирадманд, ҷуръати Куруши Кабирро на ҳамчун таърих, балки ҳамчун арзиши зиндаи инсонӣ ва миллӣ таҷассум бахшидааст.

Қобили зикр аст, ки рӯшноии ин асарро бинанда на танҳо симои як шоҳи қадимро, балки нигоҳи имрӯзаи тоҷикон ба адолат, ватандӯстӣ ва шаъну шарафи инсониро мебинад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶуръати Куруши Кабир дар оинаи санъат
Scroll to Top