Ҳунари наққошӣ яке аз қадимтарин ва зеботарин шаклҳои эҷоди бадеӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихи он ба ҳазорон сол қабл бармегардад. Ин ҳунар бо василаи ифодаи андеша, эҳсосот ва ҷаҳонбинии инсон тавассути хатҳо, рангҳо ва шаклҳо ифода меёбад.
Зикр намуд, ки ҳунари наққошӣ танҳо як намуди санъат набуда, балки он оинаест, ки фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ ва умумибашариро инъикос мекунад.
Дар ҳар давру замон, наққошон бо асарҳои худ на танҳо зебоӣ офаридаанд, балки рӯйдодҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсиро низ ба тасвир кашидаанд. Ҳунарманди наққош шахсе аст, ки ин санъати волоро бо муҳаббат, эҷод ва бо сабри зиёд иҷро мекунад.
Маҳз, тавассути дастони маҳорати наққошон ҷаҳони имрӯзаи мо дигаргун рангоранг ва маънидод мегардад. Ҳунари наққошӣ на танҳо воситаи зебоии визуалӣ, балки забони хос барои баёни фикру андешаҳо ва ҳассосиятҳои инсон мебошад, ки наққошон бо офаридаҳои худ таъриху фарҳанги миллатро нигоҳ медоранд. Инчунин муҳити зист ва табиати зеборо тасвир намуда ба эҳсосоти зебоӣ тарбият медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳунари наққошӣ метавонад дар шаклҳои гуногун бошад, ба монанди наққошии классикӣ, муосир, акварелӣ, графикӣ ва ғ.

Бале, ҳунарманди ҳақиқӣ бояд дорои хислатҳо ва малакаҳои хаёлоти васеъ, зеҳни эҷодӣ то тавонад фикрҳои нодирро ба тасвир табдил диҳад. Зеро ки ҳунари наққошӣ як навъи инъикосгари воқеъият аст, ки таваҷҷуҳ ба муҳити атроф ва инсонҳоро ба худ ҷалб мекунад.
Гуфтан ба маврид аст, ки нақши наққошон дар фарҳанги офаридани асарҳои эҷодӣ дар қисмати Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҳавлии наққошон ҷой гирифта, хело назаргир ва ҳунармандони мардумӣ нав ба нав асарҳои нотакрор эҷод менамоянд. Метавон гуфт, ки дар радифи наққошони мардумӣ ба монанди наққош – ҳунарманди мардумӣ Шарифҷон Сангинов бо эҷодиёти асарҳояш машғули кор дидем. Амалҳои наққошӣ ба монанди зебоиҳои табиат, рангҳои нозук, миниатюра, наққошии китобӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ ва нури гармои офтоб ҳар як ҷузъиётро бо ранг ва симметрияи олиҷаноб ба тасвир мекашад, ки ба ҳунари миллӣ ва фарҳанги миллӣ қувват мебахшад. Ин намуди наққошӣ ба ҳунари мардумӣ- санъати ороишӣ ва амалӣ пайваст буда бо усули хоси худ кор мекунад. Ин нишон медиҳад, ки ӯ ҳунари наққоширо на танҳо ҳамчун расмкашӣ, балки чун таҷриба ва такмили ҳунар ва навоварӣ медонад. Ҳоло ҳунарманди мардумӣ Шарифҷон Сангинов синни муборакаш ба 73 сола расидааст, вале синну сол ба ҳикмат ва қувваташ ягон таъсир нарасонидааст. Ӯ зиндагиро бо чашми пур аз таҷриба мебинад, ҳар қадамаш бо донишу сабр ва ҳар гуфтугӯяш бо меҳру эҳтиром пур аст.
Қобили зикр аст, ки аз соли 1979 ӯ баъди хатми Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”-и ба номи Бобоҷон Гафуров (собиқ донишгоҳи педагогии ба номи С.М.Киров ) факултаи рассомӣ то ба имрӯз пайваста бо ҳунари наққошӣ машғул аст. Дар тӯли ин солҳо ӯ бо маҳорати худ нақшҳои зебо ва ҷузъиёти нозуки санъатро ба вуҷуд оварда, ҳам зебоии табиат ва ҳам ҳикмати ҳаётро дар эҷодиёти худ боқӣ мондааст. Ҳунар ва таҷрибаи ӯ на танҳо асарҳои визуалӣ, балки ҳисси зебоиву эҷодкориро ба дигарон низ интиқол медиҳад. Шарифҷон Сангинов инсоне, ки роҳи зиндагиро бо ранг ва руҳ пур кардааст. Бале, аз соли 1979 баъди хатми донишгоҳ ва факултаи рассомӣ ӯ худро пурра ба ҳунари наққошӣ бахшидааст. Солҳо гузаштаанд, вале меҳри ӯ ба санъат мисли рӯзи аввал гарм боқӣ монд. Дар ҳар хатти нозуки ӯ на танҳо ранг, балки нафаси табиат, ҳисси инсонӣ ва зебоии зиндагӣ таҷассум ёфтааст.

Асарҳои ӯ гӯё оинаеанд, ки ҷаҳони ботиниашро инъикос мекунанд аз шодиву оромӣ то андеша ва орзуҳои нек. Бо кори худ на танҳо манзараҳоро меофарад, балки дилҳоро рангоранг мекунад. Ӯ бовар дорад, ки ҳар наққошӣ як сухан аст, вале бе оҳанг танҳо бо рангҳои дили инсон.
Дар тӯли даҳсолаҳои фаъолияташ бо маҳорати баланди касбӣ ва ҳисси зебоишиносии амиқ ӯ асарҳои зиёде офаридааст, ки бо меҳр ва масъулияти баланди омӯзгорӣ ӯ таҷрибаи ғанӣ ва донишҳои касбии худро ба насли ҷавонон интиқол дода шумораи зиёди рассомони ҷавонро ба роҳи ҳунар роҳнамоӣ намудааст. Бисёре аз шогирдони ӯ имрӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд, Русия ва ҳатто кишвари Индонезия фаъолият дошта, номи устодашонро бо ифтихор ёд мекунанд. Асарҳои устод, Шарифҷон Сангинов на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар як қатор кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон, Ҷопон ва Туркия дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ пешкаш гардида, аз ҷониби дӯстдорони санъати тасвирӣ бо эҳтиром ва тааҷҷуҳи хос пазируфта шудаанд. Устод, Шарифҷон Сангинов на танҳо рассом, балки як устоди соҳибтаҷриба шинохта шудааст, ки даҳҳо шогирдонро тарбия намуда, онҳоро ба роҳи эҷод ва зебоишиносӣ ҳидоят намудааст.
Бо заҳмат, эҳсоси баланд ва садоқат ба ҳунар ӯ тавонистааст дар рушду инкишофи санъати миллии тоҷик саҳми арзанда гузорад ва номи худро дар таърихи рассомии кишвар бо ифтихор сабт намояд.
Бо назардошти саҳми арзанда ва фаъолияти пурсамари устод Шарифҷон Усмонов, ҳамеша бо қалами эҷодии худ зебоии зиндагӣ ва покии руҳи инсонро бозтоб менамояд. Бигзор солҳои оянда низ асарҳои ӯ дили дӯстдорони санъатро шод гардонад ва насли ҷавон аз таҷриба , меҳнату меҳру садоқати илҳом гиранд. Он ҳунаре , ки реша дар муҳаббат ба зебоӣ ва ватандорӣ дорад, ҳамеша равшантар гардад ва чун намунаи ҳақиқии ҳунармандӣ дар саҳифаҳои фарҳанги тоҷик бо ифтихор боқӣ монад.
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҳунармандони мардумӣ, бахусус наққошон сазовори эҳтиром ва дастгирии ҳамешагӣ мебошанд, ки наққош на танҳо офаридаи зебоӣ, балки муҳофизи арзишҳои миллӣ таъсири худро ба фарҳанги миллӣ мегузорад, ки нақши чунин шахсиятҳо бениҳоят муҳим мебошанд.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”