Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таътили зимистона ва таҷрибаи таълимӣ аз боғи фарҳангӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мавсими фасли зимистон барои толибилмони макотиби таҳсилоти умум, на танҳо фасли таътили тобистона аст, балки давраи муносиб барои омӯхтани анъанаҳои фарҳангӣ, шиноси бо муҳити зист ва таҳкими малакаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Гуфта метавон, ки таҳлили фаъолияти толибилмон дар ин давра нишон медиҳад, ки сайру гашт дар маконҳои фарҳангию фароғатӣ ба рушди зеҳнӣ, эҷодӣ ва маънавии онҳо мусоидат мекунад. Яъне, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз ҷойҳои калидӣ барои омӯзиши таърих, фарҳанг ва табиат ба ҳисоб меравад.

Мақсад ва ҳадафи  аҳамияти таътили зимистона ин набудани сресс ва фароғат барои кӯдакон мебошад. Пас аз як давраи дароз ва пурмасъулияти таҳсил, кӯдакон ниёз доранд, ки аз хастагии равонӣ ва ҷисмонӣ раҳо ёбанд. Таътили зимистона ба онҳо имконият медиҳад, ки истироҳат кунанд ва нерӯи худро барои  таҳсил барқарор намоянд. Бо вуҷуди ин, дар давраи таътили зимистона онҳо метавонанд фаъолияти омӯзишро тавассути сайру гашт, бозиҳои шавқовар ва иштирок дар барномаҳои фарҳангӣ ба роҳ монанд. Дар ин давра толибилмон метавонанд малакаҳои нави иҷтимоӣ, фикрӣ ва эстетикии худро тақвият диҳанд.

Зикр намуд, ки сайру гашт дар боғи фарҳангӣ макони дилпазири истироҳат мебошад, ки дар он толибилмон метавонанд бо ёдгориҳои таърихӣ, санъати тасвирии ҳунармандони мардумӣ шинос шаванд. Дар ин ҷо омӯзгорон метавонанд сабақҳои амалӣ оид ба намуди дарахтон, санъат, таъриху фарҳанг ва экология баргузор кунанд. Масалан, сайру гашт дар боғи фарҳангӣ ба онҳо имконият медиҳанд, ки навъҳои гуногуни растанӣ нақш ва аҳамияти онҳоро дар муҳити зист ва табиат  дарк кунанд. Таътили зимистона ва сайру гашт дар боғ на танҳо барои таҳкими иртиботи иҷтимоӣ ва малакаҳои эҷодӣ дар гуруҳҳои хурд фаъолият мекунанд, мушкилотро якҷоя ҳал  ва идеяҳои эҷодии худро таҷриба мекунанд. Ин ба рушди қобилияти ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот ва баланд бардоштани эътимоди онҳо мусоидат мекунад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ давраи зимистонаи толибилмонро ба давраи пур аз таҷрибаҳои омӯзишӣ ва фароғатӣ табдил медиҳад. Ин таҷриба на танҳо донишу малакаҳои илмиро тақвият мебахшад, балки ба рушди маънавӣ, эҷодӣ ва иҷтимоии кӯдакон низ хизмат мекунад.

Аз  гуфтаҳои болозикршуда метавон хулоса кард, ки баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ ва ҳангоми сайру гашт , толибилмон на танҳо аз манзараҳои зебои табиат лаззат мебаранд, балки бо маконҳои таърихии он ба монанди зиёрати мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, Чорбоғи хона- музейи Камоли Хуҷандӣ , Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанд шинос мешаванд, ки  нишонаи ифтихори миллӣ ва шоҳиди зиндаи таърихи пурғановати Ватани мо мебошанд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаътили зимистона ва таҷрибаи таълимӣ аз боғи фарҳангӣ
Scroll to Top