Танӯр – яке аз қадимтарин ихтироъҳои инсонист, ки бо оташ ва замин пайвандӣ дорад. Аз замони пайдоиши он ҳазорсолаҳо гузаштааст, вале то имрӯз ҷойгоҳи танӯр дар ҳаёти мардум, хоса дар кишварҳои шарқӣ боқӣ мондааст. Он на танҳо воситаи пухтупази нон ва ғизо, балки рамзи гармӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдилии оилавӣ ба шумор меравад.
Метавон гуфт, ки пайдоиши аввалин танӯрҳо, тибқи маълумотҳои бостоншиносон нахустин намунаҳои танӯр тақрибан 6000- 8000 сол пеш дар сарзаминҳои Месопотамия, Эрон, Миср ва Ҳиндустон истифода мешуданд. Ин танӯрҳо аз гил сохта шуда, шакли одӣ доштанд. Дар он давр мардум оташро барои пухтани хӯрок, нон ва ҳатто барои об кардани мису сафол истифода мебурданд.
Бояд зикр намуд, ки дар сарзамини тоҷикон танӯр аз давраҳои қадим ҷузъи муҳими фарҳанги ва зиндагии мардум буда, бостоншиносон дар қалъаҳои Ҳулбук, Панҷакент ва Саразм нишонаҳои танӯрҳои гилӣ ёфтаанд, ки ба асрҳои IV-VIII рост меояд. Танӯр дар кишвари Тоҷикистон одатан шакли силиндарӣ дошта аз гили сафед ё хоки махсус сохта мешавад. Онро устоҳои танӯрсоз бо муҳаббат омода карда, баъди хушк шуданаш аз дарун бо оташ “ҷон” медоданд, ки танӯр дар хонаи мардуми тоҷик нишонаи рамзи фаровонӣ ва меҳмоннавозӣ ҳисобида мешавад. Бале, дар фарҳанги тоҷикӣ танӯр танҳо як асбоби ошхона набуда, балки ҷузъи муҳими ҳаёти маънавӣ ва руҳонии мардум мебошад, ки бо оташ, модар ва меҳнати дастонаш пайвандӣ дорад. Имрӯз ҳам нонҳои танӯрии кӯҳистон то нонҳои самарқандӣ, ҳунари нонпазии тоҷикон номи ин миллатро дар ҷаҳон бо ифтихор баланд намудааст. Танӯр на танҳо ҷузъи рӯзгори мардум, балки бахше аз расму оинҳои қадимии тоҷикон буда, дар баъзе маҳалҳо ҳангоми бунёди хона аввал танӯр мешинониданд, ки зеро он рамзи гармии зиндагӣ ва баракати хона ба шумор меравад.

Бо пешрафти технологияи муосири замон, навъҳои гуногуни танӯрҳо пайдо шуданд, ба монанди газӣ ва барқӣ истифода мебаранд. Лек, дар бисёр навоҳиву деҳоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам танӯрҳои гилини анъанавӣ истифода мешаванд, ки зеро мазза ва бӯйи нонҳои дар танӯр пухташуда бемисл мебошанд.
Имрӯзҳо дар гирду атрофи шаҳру навоиҳо мардум ба истифода додани танӯрҳои хурд дар ҳавлии истиқоматӣ рӯ оварданд. Ин раванд на танҳо эҳё кардани анъана, балки эҳсоси пайванди инсон бо табиат ва гузаштаро тақозо мекунад.
Қобили зикр аст, ки танӯр на танҳо асбоби пухтупаз, балки он гувоҳи тамаддуни инсон, меҳнати модарону занон, гармии хонадон ва рамзи баракати зиндагист. Аз гили замин то нури оташ, танӯр роҳи тӯлонии таърихро гузар намуда, то имрӯз дар дилҳои мардум ҷой дорад.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҳама чиз рӯ ба технологияи автоматикӣ овардааст, нигоҳ доштани анъанаҳои танӯрсозӣ ва нонпазии тоҷикӣ на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки пайванди руҳонӣ миёни наслҳо мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки чанд сол пеш дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии “Маҳфили нонпазон” баргузор шуда буд, ки дар доираи он якчанд танӯрҳои гилин сохта ва шинонида буданд. Имрӯз ҳам он танӯрҳо дар боғи фарҳангӣ боқӣ монда, ҳамчун нишонаи эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ёдгории ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”