Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонон дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» имрӯзҳо ба макони сайру саёҳат ва истироҳату фароғати шаҳрвандони дохиливу хориҷӣ мубаддал гардидааст. Қариб ҳамаи меҳмононе, ки ба Хуҷандшаҳри бостонӣ ташриф меоранд, албатта, аз ин макони зебо дидан менамоянд. Ҳафтаи гузашта ҳангоми ташриф ба вилояти Суғд Сафири Фавқуллодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Елизабет Миллард аз ин макон дидан намуд. Меҳмонон ҳангоми боздид аз таърихи зиёда аз 2500-солаамон воқиф гардида, аз тамошои манзараҳои дилфиреби Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Каомл Хуҷандӣ ба ваҷд омада, миннатдории худро ба масъулини муассиса изҳор доштанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки аз аввали соли ҷорӣ аз ҳудуди Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» наздик 50 000 меҳмонон дидан намуданд. Аз ҷумла, сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В.Никитюк, сафири Англия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хю Филпотт, корманди институти шарқшиносии шаҳри Тошканд Мӯсоев М., устоди Донишгоҳи олии шаҳри Самарқанд, нависанда Қамарзода Аслиддин, Ориф Навшоҳӣ-доктори илмҳои филологӣ, забоншиноси форсу тоҷик аз Покистон, Ҷонишини губернатори вилояти Нижегородск Люлин Е.Б.

Ҳамчунин иштирокчиёни Симпозиуми байналмиллалии «Усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои дақиқ», ки дар кори он беш аз 30 нафар олимони хориҷӣ аз кишварҳои Ҷопон, Ҳиндустон, Ҳолланд, Русия, Миср, Нидерландия, Осиёи Марказӣ иштирок доштанд, меҳмони Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» буданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳмонон дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top