Албатта, илми тиб як соҳаи илмест, ки ба омӯзиш, ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳо дар инсон машғул аст. Ин илм яке аз қадимтарин ва муҳимтарин соҳаҳои дониш ба шумор меравад, ки ҳамеша бо ҳаёт ва саломатии мардум пайванд мебошад. Пайдоиши он ба замонҳои хеле қадим бармегардад, ки инсонҳо кӯшиш мекарданд, дард ва бемориҳоро бо ҳаргуна роҳ табобат кунанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки табобати табиӣ ва таҷрибаҳои қадимӣ, дар ибтидо инсонҳо бемориҳоро бо гиёҳҳои шифобахш, оби чашмаҳо, дуоҳо ва бо усулҳои шифобахши мардумӣ дар замони худ табобат мекарданд. Ин усулҳо асосан дар байни мардуми таҷрибавӣ дида мешуд, аз насл ба насл мегузаштанд.
Қобили зикр аст, ки дар кишвари Чин тибби анъанавии чинӣ , ба монанди гиёҳдармонӣ шуҳрат ёфта, таърихи беш аз 2000 сола дорад. Яке аз шахсиятҳои машҳури таърихи тиб бо номи Гиппократ ( 460- 370 ) пеш аз милод зиндагӣ кардааст ва аз ҷазираи Кос, ки дар Юнони қадим ҷойгир аст , ӯро “падари тибби муосир” ном мегирифтанд. Бале, ӯ таълим додааст, ки саломатӣ ба тавозуни байни чор моеъи асосии бадан вобаста буда , ин хун, сафрои зард, сафрои сиёҳ ва балғам будааст. Ӯ таҳлил ва мушоҳидаи беморонро муҳим мешуморид, на танҳо истифодаи дору ё дуо ва андешаҳои ӯ ба рушди тибби Рум, Ислом ва Аврупо таъсири калон расонидааст. Ӯ кӯшиш намудааст, ки тибро аз таърифи динӣ ҷудо карда ба як илми тиб табдил диҳад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба Гиппократ ва шогирдонаш маҷмӯаи асарҳое мансуб аст, ки бо номи “Қасами Гиппократ” маъруф мебошанд. Қасами Гиппократ то имрӯз низ ҳамчун ахлоқи касбии табибон истифода мешаванд. Дар он гуфта мешавад, ки духтур бояд ба бемор содиқ, поквиҷдон ва беғараз хизмат кунад.
Лек, рушди илми тиб дар ҷаҳони ислом дар асрҳои миёна як маркази бузурги илм буд, ки табибони мусалмонон корҳои табибони Юнон ва Румро тарҷума ва такмил медоданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки табиб ва файласуфи бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ( 980 – 1037 ) бо китоби безаволи “Қонуни тиб”, ки аз 5- ҷилд иборат буда , дар бораи бемориҳо, табобат, доруҳо, гиёҳҳои шифобахш, анатомия ва фалсафаи тибро мефаҳмонад, ки то асри XVII дар Аврупо ҳамчун китобномаи расмии тиб дар донишгоҳҳои олӣ истифода мебурда мешуданд. Дигаре бошад, китоби “Китобуш- ш- шифо” асари бузурги фалсафӣ ва илмро дар бар мегирад, ки дар бораи мантиқ, фалсафа, физика, метафизика ва аз илмҳои тиб баҳс мекунад. Инчунин, китоби “Донишнома” бо забонҳои тоҷикӣ- форсӣ рӯйи чоп омадаанд, ки ин асар дар шакли назм навишта шудааст.
Бале, табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин донишмандони ҷаҳон буда бо ифтихори баланд, ӯро “Шайх –ур- раис” меноманд, ки дар саросари дунё ҳамчун пайрави илм ва ақлсароӣ шинохта шудааст.
Ёдовар шуд, ки соли 1980 дар минбари баланди ЮНЕСКО 1000- солагии Абӯалӣ ибни Сино-ро ҷашн гирифтанд. Дар кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Эрон ёдгориҳо, коллеҷу донишкадаҳои миёнаву олӣ ва кӯчаю хиёбонҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар толори намоишии “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои X- XI “ ашёҳои нодире ҷой дода шудаанд, ки ба замони Абӯалӣ ибни Сино тааллуқ дорад. Аз ҷумла, қайчии тиббӣ ва зарфи шишагини дору, ки ҳамчун рамзи санъати табибон ва донишҳои баланди тиббии ӯ ба намоиш гузошта шудаанд. Ин ашёҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи миёна асбобҳои тиббӣ ва усулҳои тайёр кардани доруҳо дар сарзамини мо хеле пешрафта буданд. Ибни Сино на танҳо табиб, балки олим, файласуф ва мутафаккире буд, ки илмро бо таҷриба ва ахлоқи инсонӣ муттаҳид мекард.

Осори ӯ то имрӯз арзиши илмӣ ва ахлоқии худро нигоҳ доштааст ва ба ҳайси поягузори тибби илмии шарқ шинохта мешавад. Абӯалӣ ибни Сино на танҳо як табиби бузург, балки рамзи илму ахлоқи инсонӣ мебошад, ки ашёҳои ба номи ӯ мансуб нишонаи сатҳи баланди рушди илми тиб дар замони ӯ шаҳодат медиҳанд.
Зикр намуд, ки асарҳои илмии Сино ва таҷҳизоти тиббии он давра ба мо мефаҳмонад, ки илму фарҳанги тоҷик решаҳои амиқ ва таърихи ғанӣ доранд. Мероси ӯ то имрӯз илҳомбахши табибон ва муҳаққиқони тамоми ҷаҳон аст ва номи Ибни Сино ҳамчун поягузори тибби илмӣ дар саҳифаҳои таърих ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”