Бо мақсади муаррифии таърихи бойи миллати тоҷик ба ҷаҳониён дар ин радиф гузоштани мероси гаронбаҳо ба наслҳои оянда яке аз толорҳои навбунёди Қалъаи Хуҷанд ба ҳавзаи илмию адабӣ бахшида шудааст. Дар ин толор ба ғайр аз китобу дастнависҳои нодири олимону шоирони бузурги тоҷик боз намунаи хаттҳо низ ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки яке аз ин намуди хаттҳо ин намунаи хатти Авестои мебошад. Он амсила буда дар рӯйи қоғази дастисоз, ки аз шаҳри Самарқанд оварда шудааст бо истифодаи ранги махсус аз тарафи мутасасии осорхона Маҳмудов Нурулло хеле моҳирона сабт гардидааст. Он намунаи хатти дина-дабира, хатти Занд, хаттест, ки тақрибан дар асрҳои 3-4 дар асоси хатти паҳлавӣ ихтироъ гардида, барои сабти Авесто истифода гардидааст, навишта шудааст. Мувофиқи ривоятҳо ва анъанаи дини зардуштӣ Авесто пеш аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба хатти зарин рӯйи 12 ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд, вале маълум нест, ки бо кадом хат. Танҳо баъзе порчаҳо аз Авесто ва калимаҳои авестоӣ (масалан: аз Пули Дарунтаи наздикии шаҳри Кобул соли 1938 сангнавиштае марбут ба номи шоҳи ҳинду Ашока дастрас шудааст) ба хатти оромӣ маълуманд. Барқарор кардан ва таҳрири нави Авесто дар замони шоҳи портӣ Валахши 1 (ҳукмронӣ 51-78) эҳтимол ба хатти портӣ, ки ба хатти оромӣ асос ёфта буд, сурат гирифтааст.Хатте, ки барои китоби Авесто дар асрҳои 3-4 ихтироъ шуд, нисбат ба хатти портӣ ва хатти паҳлавӣ мукаммалтар мебошад. Дар он 48 ҳарф ва 3 лигатура мавҷуд аст. Дар он давра забони Авесто матрук буд ва агар матнҳои Авесто ба хатти паҳлавӣ сабт мегардид, хондани он басе душвориҳоро пеш меовард. Ин хат барои дурусту бехато хондани Авесто ихтироъ шудааст. Хатти Авестои дар замони Сосониён “дина-дабира” яъне, хат барои матнҳои динӣ, ном гирифтааст. Дар бобати бо “дина-дабира” навишта шудани Авесто Ибни Муқаффаъ ва муаррихи араб Масъудӣ дар асарҳои худ иттилоъ додаанд. Қадимтарин нусхаи маъмули дастнависи Авесто бо ин хат соли 1325 китобат шудааст. Транслитератсияи байналмилалии аломатҳои хатти Авесто ба тасаффузи порсҳо мувофиқат мекунад.
Мутриба Мамадҷонова – мудири шуъбаи
таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”