Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бари рӯди Сир соли 1924 ташкил ёфта, расми кушоди он 1 майи соли 1939 баргузор гардидааст. Наздик як аср мешавад, ки ин макон ҷои истироҳату фароғати шаҳрвандону меҳмонон қарор дорад. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2014 Боғи истироҳатӣ ва фарҳангии Камоли Хуҷандӣ азнавсозӣ карда шуда, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис ёфт. Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ дар рӯ ба рӯи Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Алҳол дарвозаи боғ24 метрдарозӣ, 11метру 60см. баландӣ дошта, бошаи сутунҳо аз маҳсулоти сохтмонии маҳаллӣ бино ёфта, аз 16 сутун иборат аст. 8-тои он аз тарафи рост, 8 адади дигар аз тарафи чап ба дарвоза шукӯҳу шаҳомати олӣ бахшидаанд.
Боғ бо Ҷӯи Раззоқ, ки аз сангҳои аз дарёи Вахш овардашуда аз нав эҳё гардидааст, силсилаи фаввораҳо ва обшорон, мақбараи рамзӣ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, айвонҳои кандакорикардашуда, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ бо сарҳавз ва Чорбоғ оро медиҳанд. Бозии оби силсилаи фаввораҳо зери мусиқии форам ба истироҳаткунандагон ҳаловат мебахшад. Кӯпрукҳои зебои болои ҷӯй, торамҳо ва гулу дарахтон табъро болида месозанд. Айвонҳои боҳашамати кандакорӣ бо дастони устоҳои мӯъҷизаофари хистеварзӣ ва исфарагӣ бино ёфта, ҷои баргузории маҳфилҳои фарҳангию фароғатӣ маҳсуб меёбанд. Обшорони паси айвонҳо, ки ба дарозии 150 метр тӯл кашидааст бо сангҳои сиёҳ, сурх, сафеди аз ноҳияи Ашту шаҳраки Адрасмон овардашуда бунёд гардида, табъи истироҳаткунандагонро болида месозанд.
Муҷассамаи барқади Хоҷа Камоли Хуҷандӣ шукӯҳи махсус дорад, ки онро пайкарасози ҷавони хуҷандӣ Давронҷон Раҳматов бунёд гузоштааст. Ҳунарвари созанда шоири беамсолро чунон офарида, ки назари ҳазрати Хоҷа ба тарафи офтоббаро дӯхта шудааст, дасти чап дар сари дил ифодагари уруҷи андеша ва дар дасти рост варақаи навиншошуда, ки барои насли оянда чун армуғон овардааст. Сар то пои ҳайкал биринҷӣ ва таҳкурсиаш аз санги хорои сурх аст. Баландиаш7 метрва зерпояаш4,5 метрмебошад. Ҳайкал аз 6 тонна метали биринҷӣ омода гардидааст.
Бо ҳидояту раҳнамоии адабпарваронаи Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солгарди мубораки иди Наврӯзи байналхалқии соли 2015 бозгашти маънавии шоири ғазалсаро, андалеби Хуҷанд Хоҷа Камол ба вуқӯъ омад. Ин орзуе буд, ки танҳо ба шарофати Истиқлолият, ба шарофати Пешвои тоҷикон амалӣ гардид. Хоки муқаддас аз марқади шоир шаҳри Табрез бо ибтикори Раиси мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо якҷоягии Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ва аҳли зиё оварда шуд.
Ин мақбара ва як каф хоки шоире ки орзуманди диёри хешу ёрони хеш буд, имрӯзҳо ба зиёратгоҳи мӯҳташам табдил ёфтаву ҳар рӯз ҳазорҳо тамошогарон ба диданаш меоянд. Тамошобинон аз дидани назокату латофати нақшу нигор серӣ надоранд. Ҷилои рангҳо бинандаро тасхир менамояд. Ин мақбара намунаи волои санъати меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ мебошад. Гумбази болои мақбара, сутунҳои гирду атрофи он бо сангҳои хоро, ки аз мамлакати мардумии Чин оварда шуда, тақрибан 100 тоннаро ташкил медиҳад, оро ёфтааст. Зеббахши зери мақбара сангҳои хорои маҳаллӣ аст.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ифтихори Хуҷанд буда, боиси сарфарозист, ки ин макон аз ҷониби аъзои ҳакамони мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» ғолиби озмун дониста шуд.