Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Барои омӯхтани забони дигар давлатҳо мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оиди манзалати забони модарӣ чунин гуфта буданд:
“Миллате ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард”. Тавре маълум аст, забондонӣ яке аз талаботи асосии давраи муосир дар бозори меҳнат ва муносибатҳои иқтисодии байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯён аҳамияти махсус дорад, зеро бо донистани забони хориҷӣ онҳо метавонанд таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷикро дар арсаи байналмиллали муаррифӣ намоянд.
Санаи 18-уми октябр байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ” ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” , филиали кафедраҳои иқтисодиёти ҷаҳон ва забонҳои хориҷӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои миллат ва дар истеҳсолот таҳкими дониши забонҳои хориҷӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ ташкил карда шуд.
Дар ин замина муассиса ҳамчун маркази таърихиву фарҳангӣ ба донишҷӯён барои боз ҳам пурқувваттар шудани робитаҳои байниҳамдигарии донишгоҳҳои олии байналмиллал шароити хуб фароҳам овард.
Дар ин чорабинӣ омири кулли маҷмаа Иброҳимов Иброҳим, ректори “Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ” Ҷалилзода Абурашид Абдукамол ҳайати профессорону устодон, ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаиоммави фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеаи Осорхонаи таърихии вилояти
Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”