Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Асрори қоғазсозӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, қоғазсозӣ яке аз ихтироъҳои бузурги инсоният ба шумор рафта,  дар тағйир додани тамаддун, паҳншавии илму дониш ва рушди фарҳангу маърифат  нақши ҳалшаванда бозидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки  аввалин бор дар кишвари Чин, тақрибан соли 105 милодӣ аз ҷониби як мансабдори дарбори Ҳан бо номи Тсай Лун  қоғаз ихтироъ шудааст. Ӯ барои сохтан ва омода намудани қоғаз аз пӯстлохҳои дарахтон, нахҳои бангдона ва латтаҳои куҳна истифода мебурдааст. Зимни истифодаи истеҳсолии барориши қоғазҳо мутахассисони чинӣ асрори қоғазсозиро тайи чанд садсолаҳо махфӣ нигоҳ медоштанд, ки зеро қоғаз дар он замон  арзиши хело  бузурги стратегӣ ва фарҳангӣ доштааст. Онҳо намехостанд, ки дигар кишварҳои мухталиф аз ин ҳунари истифодаи қоғазсозӣ огоҳӣ пайдо кунанд.

Ба ин хотир , тақрибан соли 751 милодӣ дар ҷанги Талас, яъне дар наздикии дарёи Талас , имрӯза дар қаламрави  ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон байни хилофати Аббосиён ва давлати Чин мусалмонон чанде аз қоғазсозони чиниро асир мегиранд. Ин асирони ба дастафтода сирру асрори сохта ба истифода додани қоғазро ба  арабҳо ёд медиҳанд. Ҳамин тавр бо мурури замон аввалин қоғазхона дар ҷаҳони исломӣ асри VIII дар шаҳри Самарқанд сохта мешавад. Аз ин рӯ , ҳунари қоғазсозӣ ба кишварҳои Бухоро, Бағдод ва Сурия, сипас ба давлатҳои Аврупо паҳн мегардад. Паҳншавии ҳунари қоғазсозӣ то қарни XII ба кишварҳои Испания ва Италия омада расида ва баъдтар ба тамоми Аврупо паҳн мегардад. Дар натиҷа таҳаввули илму дониш, фарҳанг ва китобат босуръати тез рушд ва тараққӣ мекунад.

Шояд , саволе пайдо шавад, ки чаро ин “асрор” номида шуд?. Зеро ки чандин аср қоғаз як ихтирои манфӣ дошт ва танҳо баъди асир афтодани мутахассисони чинӣ ин илми қоғазсозӣ ба берун паҳн гардида, падидаи  “ҷосусии саноатӣ” дар таърихи қоғазбарори боқӣ монд.

Чӣ тавре, ки дар боло зикр гардид, ҷамъоварии ашёи хом барои сохтани қоғаз аз дигар минтақаҳо фарқ мекард. Аммо маъмулан, барои қоғазбарорӣ пӯстлохи дарахтон, нахҳои бангдона, пахта, латтаҳои куҳна ва пояҳои растанӣ истифода мешуданд. Лек, дар Осиёи Марказӣ ва кишвари Чин бештар аз нахи дарахтони тут  истифода мебурданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳунармандони анъанавии қоғазсозон  аввал ашёҳои хомро майда- майда карда  ба об мегузоштанд, то ки як муддат дар об пӯсида ва нарм шавад. Баъдан бо асбобҳои махсус ё бо даст реза- реза ва кӯфта мекарданд, то ки ба як намуди хамираи якхелаи моеъи ғафс мубаддал  гардад.

Сипас, хамираи қоғазро бо об омехта карда мешуд, ки  маҳлули обии тунук ҳосил мегардид ва  ин маҳлулро ба  чорчӯбаи махсус мерехтанд. Чорчӯбаи махсуси бо тор зичро “калп” мегӯянд ва ба маҳлули қоғазӣ ғӯтонида мешуд ва  маҳлули тунуки нахи торро бо оҳистагӣ ба рӯи матои хушк ё тахта мегузоштанд.

Сониян, варақаҳои торро дар  зери нури Офтоб ё дар ҷойҳои гарм хушк мекарданд. Баъди хушк шудани қоғаз онро бо ашёҳои махсус ба монанди санги мармар ё сутунҳои чӯбӣ сайқал медоданд, то ки барои истифодабарии хаттотону рассомон мувофиқ бошад. Маҳсулоти пухташуда, яъне  қоғазҳои ҳосилшуда ранги зардчатоб ва мулоим дошта, барои хаттотӣ ва расмкашии анъанавӣ хело муносиб будааст.

Қобили зикр аст, ки қоғазсозии анъанавӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва баъдтар дар Хуҷанду Ҳисор ба марказҳои муҳими қоғазсозӣ шуҳрат пайдо намудааст. То ҳоло дар шаҳри Самарқанд устохонаҳои анъанавии қоғазсозӣ фаъолият дорад, ки бо усули қадима ҳунармандони мардумӣ қоғаз истеҳсол мекунанд, ки маъруф бо номи “қоғази Самарқанд” дар ҷаҳон  машҳур гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар толори намоишии ”Ҳавзаи илмӣ-адабии шаҳри Хуҷанд”- и Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, яке аз чунин намунаи  қоғазҳои қадима маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Ӯ бо навиштаҷоти дастхати нодири Авесто, ривояти Ҷамшед нусхаи хаттии шахсияти таърихӣ буда, қоғази нодир, ки таърихи чандинсола дорад, бо мақсади  муҳофизат ва баҳри  намоиш дар зершиша гузошта шудааст.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАсрори қоғазсозӣ
Scroll to Top