Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Порае аз катибаи Бесутун

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Катиба ин навиштаҳо, ҳуҷҷатҳо, ки дар ашёи сахт ва пурбақову устувор бо хат ва ё аломатҳои шартӣ, бо мақсади боқи доштани ёди воқеаҳои таърихӣ, адабӣ ва ғайра сабт карда мешаванд. Катиба дар кӯҳу харсангҳо, девори қасрҳову мақбараҳо, сутунҳо, девори масҷидҳо, сангҳои қабру мазор, лавҳа ва тахтачаҳои тиллоӣ, гаҷӣ, гилӣ, устухон, асбобу ашё, зарфҳои нуқрагӣ, биринҷӣ, сафолӣ, яроқу аслиҳа, тангаҳо, асбобу лавозимоти ороишии занона, дару дарвозаҳо, табақу косаҳо, ҷомҳо ва ғайраҳо сабт мешудаанд. Катиба матолиби фаровонеро  оид ба хат, забоншиносӣ, сиёсат, воқеаҳои таърихӣ ва адабӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, идеологиро дар бар гирифта, манбаи муҳими омӯзиши таърихи қадим, асрҳои миёна ва ғайра мебошад. Катиба аз дастнависҳои қадима, тасвироти рӯйи сангӣ фарқ мекунанд. Дар замони аз ҳам ҷудо набудани навъҳои санъат (синкретизм) катибаҳо бо тасвирот як буданд. Аз марзи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз  Тоҷикистон ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ катибаҳои бисёри суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва ғайра кашф гардидаанд.

Катибаро як соҳаи илми таърих – катибашиносӣ (эпиграфика) меомӯзад. Адабиётшиносон ва забоншиносон низ катибаро меомӯзанд, чунки онҳо санади муҳимми таърихи забон ва баъзеашон осори бадеӣ ба шумор меравад. Катиба маънию мазмуни баланд дорад, афкору андешаҳои ахлоқӣ, андарзӣ ва ибратомӯзиро дар бар мегирад. Дар мақолаи хеш мо тасмим гирифтем, ки оиди яке аз катибаҳои қадимтарин, катибаи Бесутун, ки нусхаи пораи он дар толори намоишии толори навбунёди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба маърази тамошо гузошта шудааст, каме бошад ҳам  маълумот пешниҳод намоем.

Катибаи Бесутун ёдгории хаттии замони Ҳахоманишиён, ки дар камари кӯҳ, рӯйи шухҳо, оромгоҳи шоҳон, девору сутунҳои қасрҳо, пораҳои мармар, тахтачаҳои заррин, сангӣ ва ғайраҳо бо хатти мехӣ навишта шудааст. Бештари катибаҳо ба Дорои I  (ҳукмрони солҳои 522-486 то м.) ва писари ӯ  Хушёршоҳ (ҳукмронӣ 486-465 то м.) муталлиқанд.

Бузургтарин ва машҳуртарин катибаи Дорои I Катибаи Бесутун аст. Калимаи Бесутун, ки дар осори илмӣ қабул гардидааст, ҳамон калимаи форсии бостон bagastana {baga -Худо ва stana – пасванди “-истон”, мебошад. Дар якҷоягӣ аз ин калима сохтани маънии “ҷой ё макони худоён” (худоистон, худойгоҳ) ҳосил мешавад. Дар ин катиба яке аз муҳимтарин намунаҳои осори хаттӣ ва санъати тасвирӣ  сабт ёфтааст, ки назираш дар олам то ҳол пайдо нагардидааст. Ин катиба дар роҳи байни Кирмоншоҳ ва Ҳамадон дар кӯҳи Бесутун  (дар баландии 105 м аз сатҳи замин) канда шудааст. Баландии катиба 7-8 м, бараш 22м. Дар мобайни он матни катиба бо забони форсии бостон дар 5 сутун канда шуда,  515 сатро дорад. Дар болои матни форсии бостони катиба шоҳ Доро ва шоҳоне, ки ӯ онҳоро мағлуб карда буд, тасвир шудааст. Катибаи Бесутун ба 75 бахш тақсим шудааст. Ҳар башх бо ҷумлаи “Мегӯяд Дорошоҳ” шурӯъ мешавад.

Нусхаи пораи катибаи Бесутуни мо аз гаҷ сохта шуда, шаклаш дарозрӯя мебошад. Барои ба санг шабоҳат пайдо намуданаш бо рангҳои  ҷигарӣ, бунафш ва кабуд каме ранг дода шудааст. Дар қисмати рӯяш бо хати мехӣ навиштаҷот дорад, ки тарҷумаи он чунин аст: “Ман Дориюш – шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳ дар Порс, шоҳ дар кишварҳо, писари Виштопс, набераи Аршама, Ҳахоманишӣ...” мебошад. Мақсад аз ба намоиш гузоштани ин катиба ин муаррифии таърихи хатти ниёгони тоҷик ба ҷаҳониён ба шумор меравад.

Мутриба Мамадҷонова – мудири шӯъбаи
таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПорае аз катибаи Бесутун
Scroll to Top