Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Макони ганҷинаи таърих ва фарҳанг

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар ҳақиқат, осорхонаи таърихӣ  макони ганҷинаи таърих ва фарҳанг буда, яке аз муассисаҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар он ҷо ганҷинаҳои нодири қадими таърих, фарҳанг, илм ва ҳунари сарзамини халқи тоҷик гирдоварӣ, ҳифз ва ба намоиш гузошта шудаанд. Онҳо ба мисли оинаи таърих мебошанд, ки гузаштагони миллати тоҷик дар он акси зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои худро бозтоб менамояд.

Вақте ки мо ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи фарҳангию таърихии “Маҷмааи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” вориди осорхонаи таърихӣ гаштаем, гуфт- Екатирина Викторовна Непачотых бо ҳамроҳонаш аз кишвари Федератсияи Русия шаҳри Москва моро, на танҳо ашёҳо ва ёдгориҳо, балки рӯ ба рӯ мо таърихи куҳани миллати тоҷик пешвоз гирифт.

Ба истиқболи мо бо завқи самимонаи шарқӣ , Умеда Юлдошева- роҳбалади ботаҷрибаи осорхона шодбош намуд, ки ҳар як ашёи гузошташуда, лавҳаҳои ёдгорӣ гӯё бо мо суҳбат мекард, ошно намуд. Гӯё ки  онҳо моро ба дунёи гузашта мебурданд, то решаҳои ҳастии ҳаётро бештар дарк намоем ва сабақ бигирем.

Бо ёрии роҳбалади ботаҷрибаи забондон Умеда, ки дар оянда мо онро бо шеваи забони русӣ “Надежда” номгузорӣ кардем, хело шод гашт ва бо дониши фарохи худ, ки ҳар гӯшаи осорхонаи таърихиро маводҳои нодири таърихӣ ҷой дода шудааст бо суханҳои ширин ва иттилоотӣ фарҳангӣ шарҳ дод, ки барои  маълумоти нави таърихӣ буд.

Боздиди мо аз осорхонаи таърихӣ на танҳо шиносоӣ бо нигораҳои таърихию фарҳангӣ, балки сайёҳате буд , ки ба дунёи пурғановати фарҳанги миллӣ раҳнамои намуд, ки таассуроти амиқ гирифтаем.

Бо камоли эҳтиром изҳори  миннатдории самимиро ба роҳбарияти муассисаи мазкур ба аҳли кормандони муассиса мерасонем - гуфт бо хушҳолӣ Екатирина Викторовна.

Инчунин ба роҳнамоии бомасъулият ба Умеда Юлдошева - роҳбалади  осорхонаи таърихӣ , ки бо дониши амиқи сухани буррои забони русӣ моро бо ганҷинаҳои гаронбаҳои таърихиву фарҳангии қадимаи мардуми тоҷик, ки бо мо дӯстиву эҳтиром тақсим намуд, аз самими қалб сипосгузорем.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМакони ганҷинаи таърих ва фарҳанг
Scroll to Top