Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Лилия ба Хуҷанд омад

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бале, дидор аз Ватан хуш аст, ин як ҷумлаи пурмаъно ва эҳсосотист. Он меҳру муҳаббат ва эҳсоси ватандӯстиро ифода мекунад. Вақте , ки инсон аз муддати тӯлонӣ ба Ватани худ бармегардад ё онро аз наздик мебинад, эҳсосоти шодиву хурсандӣ, оромӣ ва ифтихорро эҳсос мекунад. Он ҷое ки инсон дар он ба дунё меояд ба камол мерасад, забону таърих ва  урфу анъанаҳову фарҳангро меомӯзад ва аввалин қадамҳои зиндагиро дар ин сарзамин мегузорад. Ҳамин аст, ки дидор аз Ватан барои ҳар кас як рӯйдоди таърихӣ ва хотирмон аст.

Онҳое, ки барои таҳсил, кор ё дигар сабабҳо аз Ватани худ дур мераванд, баъди аз гузашти солҳо ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки чӣ қадар боду ҳаво, руди Сайҳун равон, нону меваҷот ва мардумаш дар фазои гарму шинаи Ватан барои онҳо азиз аст.

Ин қадар дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ навсозӣ биноҳои боҳашамат қомат афрохта, бӯйи замини нарми боғи фарҳангӣ, мардуми меҳмоннавоз, садои забони модарӣ, меҳру муҳаббати дӯстону ҳамсояҳо ҳамаи ин нерӯи тоза мебахшад. Дидор аз шаҳри Хуҷанди қадима на танҳо шодӣ , балки як навъ эҳёи руҳу ҷон меофарад, ки ин дидор метавонад шарораи оғози нав ва шукргузорӣ аз Ватан  биёрад. Вақте ки пас аз муддати тӯлонӣ кас ба Ватан бармегардад, ҳар як кӯчаву бозор, хиёбону биноҳояш, ҳар як ҷеҳраи шиноси мардумаш барояш гаронбаҳо менамояд – гуфт Флиса Муртазинаи 76 сола бо оби дидаи шодиёна.

Оромиро ба даст гирифта суханашро идома дода гуфт, ки дар замони шуравӣ дар соҳили рост 34-ум микроноҳияи шаҳри Хуҷанд бо оилаам зиндагӣ мекардам. Ҳоло бошад зиёда аз 36 сол, аниқтараш соли 1989 мешавад, ки дар Федерансия Русияи шаҳри Қазон зиндагӣ мекунем. Бо амри тақдир аз Ватан  дидан намудем, ки солҳо гузаштанд. Рӯзе омад, ки бо дилу нияти хомӯш бо қалби пур аз ёдҳои зиндагии гузашта ба хоки муқаддаси диёрам- Хуҷанд қадам гузоштем. Он  хиёбону кӯчаҳо, бозори Панҷшанбе, боғи фароғатӣ он ҳавои тоза ҳама чизи дерин шинос вале дигаргуншуда- гуфт ба духтараш . Он замон иттифоқ бо ҳамсояҳо будем , фарзандонам хурд буданд, дар як боғчаи бачагона мерафтанд. Мо дигар ҳамон одамон набудем, лек вақт ҷеҳраи моро дигаркун кард, ҳаёт руҳи моро сахтар гирифт, вале муҳаббат ба Ватан ҳамоно гарму бегазанд боқӣ мнмонад

Ҳоло мо бошем, дар остонаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо духтарам Лилия Миннулина қарор дорем, ва ба ӯ ишора намуд, ки инҷо таърихи зинда нуҳуфтааст, ҳеҷ гоҳ мо мусофир нестем- чунки Лилия ба Хуҷанд омад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛилия ба Хуҷанд омад
Scroll to Top