Дар Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» ҷамъбаст гардид. Мусобиқаи мазкур бо мақсади таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ободу зебо гардонидани диёр ва истироҳати бофароғати мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти шаҳрвандон, тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, таъмини сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати ҳакамон фаъолияти боғҳои ҷумҳуриро аз рӯи шартҳои озмун санҷида, дар сатҳи вилоятӣ Боғи истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар сатҳи шаҳрӣ Боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳри Кӯлоб ва дар сатҳи ноҳиявӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлонро ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ» донистанд.
Ҳангоми баҳогузорӣ ба тозагӣ, ободониву сабзазоркунӣ, ташкили ҷойҳои нишаст, сохтмони фаввораҳо, насби таҷҳизоти замонавӣ ва арғунчаку чархофалакҳо, толорҳои саққобозиву тенниси рӯимизӣ, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаҳои гуногуни хӯроки миллӣ ва баргузории маҳфилҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ диққати махсус дода шуд.
АМИТ «Ховар»