Воқеан, миллати тоҷик аз азал инсондӯст, меҳмондӯст, раҳмдил ва меҳмоннавоз буда, дар байни дигар миллатҳо бо ин расму оин ва хислатҳои некаш машҳур гардидаст. Бешубҳа , бузургони хирад нагуфтанд: “Меҳмон- атои Худост”, ки ба хонадони инсони хушбахт меҳмон бо пойи қадам меояд.
Бале, меҳмону меҳмондорӣ иззату икроми зиёдеро талаб мекунад, ки бо дидани меҳмон аҳли хонавода шоду хурсанд шуда, гиреҳи дили худро мекушоянд.
Рӯзе устоди муътабар Тошхӯҷа Асирӣ ба хонаи Ҳоҷӣ Юсуфи муҳандис, ҷуғрофияшинос, сайёҳ, мироб ва олими номии охири асри XIX ва аввали асри XX меҳмон мешаванд.
Устод , Тошхӯҷа Асирӣ байтро замзама мекунанд:
Аз қудуми меҳмон гардад, мунаввар хонаам,
Хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам.
Баъди салому алейк онҳо сари суфра нишаста суҳбати гармро оғоз мекунанд. Андаке вақт нагузашта ба сари дастурхони хоксора як табақи оши паловро меоваранд.Онҳо саргарми тановул мешаванд, ки меҳмони нохонда- ҳамсоя даромада меояд. Чун ба дасташ об мегирад ва ба сари дастурхон менишинад. Нишастан замон меҳмони нохонда шикоятро аз замин сар мекунад. Дар идомаи нишаст боз лаб мекушояду шикояти обу нарху навои бозор ва қиматиро арза мекунад. Устод. Ҳоҷӣ Юсуф аз қадами нохондаи меҳмон каме асабашон хира мешавад ва бо ишора мегӯянд, ки аввал “Таом баъд калом”. Лек, меҳмони баҳонаталаб ба гирифтани таом қонеъ нагардида, боз шикоятро оғоз мекунад. Дар ин ҳолати ногувор устод, Тошхӯҷа Асирӣ асабони шуда ҳарфҳои навиштаҷоти болохондаро тағийр дода ба мизбон нигариста мегӯянд:
Аз қудуми меҳмон гардид, мунқис хонаам,
Хона оғил асту меҳмон гову ман кунҷораам.
Чуноне ки дар боло зикр карда шуд, дар ҳаёт меҳмонон ва мизбонон гуногунанд. Метавон гуфт, ки барои ибратбахши меҳмонон дар пештоқи хонаи қисмати меҳмонхонаи ҳавлии тоҷири Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, чунин мисраъҳои зебо бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст, ки аз манфиат холӣ нест.
Албатта, меҳмон беҳтарин ва наздиктарин пайванди касе ҳаст, ки бо воридшавиашон ба хонадон нуру зиё, хушию осудаҳолӣ ва хайру баракат меоранд, ки иззату эҳтиромро ҳамеша ба ҷо оварем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”