Шоми санаи 07- уми октябри соли 2025 бо иштироки мухлисону ҳаводорони мусиқии классикӣ, барномаи консерти яке аз ситораҳои овозхонони машҳури итолявӣ ва ҷаҳонӣ, ки бо овози тенори худ дар мусиқии классикии итолявӣ аз ҷониби Стефания Мурино ва Фабио Кариери дар Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” садо дод.
Қайд намуд, ки дар чорабинии фарҳангӣ дар саҳнаи кушоди қалъаи таърихӣ намояндагони МИҲД-и шаҳру вилоят, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ, марказҳои фарҳангӣ, кумитаи ҷавонон ва варзиш, ҳунармандони санъати миллӣ ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ,сокинон, мухлисони мусиқии классикӣ ва васоити ахбори умум иштирок варзиданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аввалин бор овозхонони машҳури итолявӣ дар шаҳри Хуҷанд , маркази вилояти Суғд баромад намуданд. Дар баромади консертии хеш бо ҳунару либосҳои маъмулӣ овозхонони классикӣ, сурудҳои машҳури классика ва попро иҷро намуданд.
Қобили зикр аст, ки барномаи консертӣ баёнгари мусиқии классикӣ бо ёддоштҳои миллӣ ва байналмиллалӣ мебошад, ки аҳли тамошобинон бо овози тенор, яъне баландтарин овози ҷаззоб иҷро гардида, оҳангҳои классикӣ ва опера шунида шуданд. Яъне, овози мусиқии классикӣ на танҳо овоз, балки фарҳанг, эҳсос ва руҳро низ парвариш медиҳад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки мусиқии классикӣ худ як ҷаҳон аст, пур аз эҳтирому паёми нозукии худро дорад. Хонума, Стефания Мурино дар баромади хеш гуфт, ки ман хело хушҳолам аз меҳмоннавозии мардуми Хуҷандшаҳр, ки дар ин макони қалъаи таърихӣ баромад намуда истодаам. Муҳимтарин барои ман ҷашн гирифтани санъати классикӣ дар ҷойе ҳаст, ки мардумаш мусиқиро дӯст медоранд. Ӯ изҳор дошт, ки шаҳри бостонии Хуҷанд барои ман илҳоми тоза ва муҳаббати самимӣ ва таваҷҷуҳи мухлисони классикӣ хотираҳои некро ҷой дод.
Дар фарҷоми чорабинии фарҳангӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонону мухлисони мусиқии классикӣ барои ҳузур ва саҳмгузорӣ изҳори минатдорӣ баён намуда, умеди вохӯрии дубора дар чорабиниҳои оянда бо орзуҳои нек ҷамъбаст гардид.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”