Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди камонварон аз қалъаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 07 –уми октябри соли 2025 бо ташаббуси Зебунисо Рустамова ,яке аз шуҳратёртарин камонвари тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба камонварӣ, меҳмонони фахрии мусобиқаи байналмилали оид ба камонварӣ барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” аз Қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Ҳайати меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва шодбош намуд.

Сипас, меҳмононро  Мирзоева Иноятхон - роҳбалади ботаҷрибаи муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ бо коллексияҳои нигораҳои қадимӣ, ҳайкалҳои шоирону орифони замон дар бораи санъати ҳунарҳои мардумӣ қадам ба қадам ошно намуд.

Дар идомаи сайри тамошо меҳмонон аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ гузар намуда бо фарҳанги зисти мардуми тоҷик, тарзи рӯзгордорӣ, урфу одат, либосҳои миллӣ, санъати рассомони тоҷик маълумоти бештар гирифтанд

Хотиррасон намуд, ки  меҳмонони фахрӣ  Кази Раҷаб Уддин Чапол – муовини якуми федератсияи Осиё, ноиби якуми Президенти камонварӣ ҷаҳонии сарвари ғояҳои ҳамбастагии олимпӣ, раиси ташкилии маҳаллӣ 24-умин Чемпионати Осиё оид ба камонварӣ, узви Шӯрои иҷроияи Федератсияи камонварони кишвари  Бангладеш бо ҳамсарашон Ҳайдар Исмат Ара ва Саад Маҳмуд Ахмед Алмашҳадинӣ, узви ҳайати мушовири Федератсияи камонварӣ ҷаҳонии Осиё, раиси Федератсияи камонварии давлати Ироқ аз макони таърихӣ дидан намуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди камонварон аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top