Субҳи саҳари санаи 07 – уми октябри соли 2025 бо ташаббуси ширкати сайёҳии “Orient Adventure “, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар ҳамбастагӣ бо ширкати сайёҳии “Тураи Азия”- и кишвари Ҷумҳурии Қазоқистон тасмим гирифта шуд , ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, варзиши дави марафон баргузор гардид.
Гуруҳи иштирокчиёни варзишгарони дав аз кишварҳои Олмон, Чин, Фаронса, Швейсария ва Тайланд, зиёда аз 26 нафарро ташкил медиҳад, дар масофаи дави марафон қуввасанҷӣ намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки варзиши дави марафон ин намуди дави масофаҳои хело тӯлонӣ буда, ки одатан масофаи 42,195 км –ро дар бар мегирад. Ин намуди варзиши дав як намуди машҳури варзишӣ аст, ки дар тамоми ҷаҳон маъруф буда ва маҳорату қувваи ҷисмониро талаб мекунад. Ин гуна намуди варзиши давидан бештар дар боғҳои истироҳатӣ ё ҷойҳои сарсабзи табиат ва муҳити кушод гузаронида мешавад, ки барои бадан ва ҳам барои руҳу равони инсон фоидабахш аст.
Иштирокчии варзиши дави марафон Ричард Хомс аз давлати Амрико гуфт, ки синну солам алаккай ба 75 сола расидааст, ки 45 сол мешавад бо ин варзиши дав машғул ҳастам ва дар мусобиқаҳои байналмиллалии 150 давлатҳои мухталиф иштирок намудам. Имрӯз маро насиб гардид, ки дар шаҳри меҳмоннавози шаҳри қадимаи Хуҷанд дар боғи фарҳангӣ варзиши дави марафонро оғоз намоем. Аз рости давидан дар муҳити боғи истироҳатӣ бароям хело хуш аст, табиати зебо, гулҳои рангоранги дилфиреби ҳавои тоза дар назди дарёи Сайҳун маро мафтуни худ гардонид. Ин муҳити фазои нотакрор барои узвҳои бадан нафаскаширо беҳтар, шушҳоро фаъол мекунад ва ҳавои тозаро бештар ба бадан мерасонад, ки ба кайфияти саломатии инсон мусоидат мекунад.
Дигаре бошад, иштирокчии варзиши дави марафон Санден Пэс аз кишвари Амрикои штати Колифорния, маъюби гуруҳи II – ум бо аробачаи махсуси маъюбии сечархаи сабук он бо суръати баланд ва идоракуниаш осон таҳрезӣ шуда ба шахсони дорои имконияти маҳдуд имкон медиҳад, дар мусобиқаи дав иштирок кунанд. Ин намунаи варзиши параолимпӣ мебошад ва дар тамоми ҷаҳон бештар ба расмият шинохта шудааст.
Ӯ гуфт , ки ман бо ин аробачаи маъюбиям 35 сол аст, ки дар мусобиқаҳои байналмиллалии варзиши дави марафон, ки беш аз 151 кишвари ҷаҳон иштирок варзидаам, ки ҳоло синнам ба 71 сола расида бошад, худро бардаму солим ҳис мекунам.
Барои қадршиносӣ, аҳсан бо иродаи қавӣ ва дили бузурги ин қаҳрамони варзиш исбот намуд, ки ҳеҷ монеаи орзу нест. Қадами шумо хонумаи варзишгари муҳтарам, ҳатто бо аробачаи маъюбӣ, ҳазор бор устувортар аст аз қадамҳои бидуни ормон, маълум аст, ки шумо дав накардед, шумо руҳро ба ҳаракат даровардед?. Ташаккур ба шумо , ки нишон додед, варзиш на барои тан, балки барои ҷон аст!.
Бо тамоми эҳтиром ва самимият ба варзишгарони фидокор ва меҳнатдӯстӣ дави марафони байналмиллалӣ таманно дорем, ки ҳамеша сарбаланду саломат ва ба ҳар як мусобиқаҳо руҳи устувор, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳо ҳамроҳи шумо гардад. Бигзор роҳи зиндагии шумо мисли боғи истироҳатӣ ҳамеша сарсабз, мисли майдони дав рӯшан , рӯ ба пеш ва пур аз пирӯзиҳо бошад.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ” Қалъаи Хуҷанд”