Шоми 05-уми октябри соли 2025, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба забони модарӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҷашн гирифта мешавад, дар саҳнаи кушоди Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хучанд” чорабинии фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.
Зикр намуд, ки барномаи фарҳангӣ дар асоси нақша- чорабинии МИҲД-и вилояти Суғд, бо иштироки бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, кумитаи ҷавонон ва варзиш, ташкилоту идораҳои мухталиф, шоирону нависандагон, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангию ҷамъиятӣ, ва васоити ахбори умум иштирок намуданд.
Чорабинии фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида бо сухани ифтитоҳи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода баромад ва суханронӣ намуда, ҳамагонро бо ҷашни фирӯз табрик ва шодбош намуд.
Сипас, дар доираи чорабинии барномаи фарҳангӣ намоишҳои театрикунонидашуда, баромади ҳунармандони санъати мусиқии зинда ва овозхононии ансамбли миллӣ, сурудҳо дар васфи забон, Ватан- модар, раққосаҳои мумтоз бо либосҳои миллии чакани гулдӯзишуда рақсҳои сабуку ҳунарӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги миллиро пешниҳоди тамошобинон гардониданд.
Мақсад ва ҳадафи асосии ин чорабинии фарҳангию маърифатӣ, бахшида ба Рӯзи забон , арҷгузорӣ ба забони давлатӣ баланд бардоштани шинохти миллӣ ва тарбияи эҳсоси ифтихор аз забони тоҷикӣ, ки забон на танҳо воситаи гуфтор, балки пояи ҳастии миллат, рамзи соҳибдавлатӣ ва нишони фарҳанги бузурги миллати тоҷик мебошад.
Иштироки фаъолонаи аҳли фарҳангу ҳунармандон, эҷодкорон ва ҷавонон ба чорабинии мазкур шукуҳу шаҳомати хоса бахшиданд. Ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои асосии таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа ба шумор меравад.
Дар интиҳои чорабинии фарҳангӣ аз ҳамаи иштирокчиён ва ташкилкунандагон дар омодасозӣ ва баргузории сатҳи баланди фарҳангию маърифатӣ изҳори миннатдорӣ ба амал оварда шуд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”