Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи забони давлатӣ муборак!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, тамоми мардуми шарифи кишвари Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ самимона табрику муборакбод менамояд.

Забони тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллат, бозгӯкунандаи таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷик мебошад. Аҷр гузоштан ба забон – аҷргузорӣ ба миллат, давлат ва хештани худ аст.

Мо миллати тоҷик ифтихор дорем, ки чунин забони ширину шоирона , дорои таърихи чандинҳазорсола ва саршор аз ганҷинаи маънавии адабӣ дорем.

Бигзор ин рӯзи фархунда ба таҳкими худшиносоии миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва рушди забони модарӣ такони нав бахшад.

Бо таманнои саломативу орзуҳои нек,
Рӯзи забони тоҷикӣ муборак бод!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи забони давлатӣ муборак!
Scroll to Top