Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Забон-пояи давлатдорӣ ва фарҳанг аст

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

( Бахшида ба Рӯзи забон )

Забон ҳастии ҳар як миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба шумор меравад. Зикр намуд, ки забон дар ҳамаи давру замон сарчашмаи ёдгории маънавии миллати тоҷик, ҳамчун инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории халқи тоҷик мебошад. Барои гузаштагони миллати тоҷик ифтихор аз ватандорӣ ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ забони давлатӣ , бешубҳа таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди миллати тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавист, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Бале, дар даврони истиқлоли давлатии кишвари Тоҷикистони маҳбубамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намуда, муаррифкунандаи ҳақиқии миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардиданд. Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтарин аз ҳама имрӯз забони давлатӣ дар кишвари Тоҷикистон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони кишвар мубаддал гардидааст. Метавон гуфт, ки фазои файзбори истиқлоли давлатӣ, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст ва моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забони тоҷикӣ дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он ва покизагии забони давлатӣ сарҷамъона талош намоем. Бинобар ин муқаддастарин вазифаи ҳар як фарди забондӯсту худогоҳ поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо мебошад,  ки дар ин радиф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ,Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: -“ Моро зарур аст, ки ба ин рукни муқаддаси миллӣ, яъне  забони давлатӣ арҷ гузорем ва онро барои фарзандон ба мисли аҷдодӣ некноми худ бегазанд ба мерос монем”

Қобили зикр аст, ки  баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани низоми нави давлатдорӣ ва асосҳои сохтори конститутсионӣ санаи 06- ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда буд.

Барои  рушди илму фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар бораи забонро пешбинӣ намуд. Ҳамин тавр, санаи 05- октябри соли 2009 “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ қабул карда шуд. Ин қонун истифодаи  забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  танзим  намуд.

Аз соли 2009 то ин ҷониб мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, санаи 05 –уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишвари Тоҷикистони азиз таҷлил мегардад.

Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як фарди тоҷик аст, ки анъанаҳои неки ниёгон, забону фарҳанги худро донанд, ҳимоя  ва ба наслҳои оянда ба роҳи рост донистани забону таърих ва фарҳанг таълиму тарбия намоянд. Зеро ки забон пояи давлатдорӣ ва фарҳанг  буда, бояд забону Модар ва Ватанро ҳамеша азизу пок нигоҳ ва дӯст дошт.

               Забони мо чароғи роҳи афкор,

               Фуруғи меҳр, ойинаи иқбол.

               Ба ҳар ҷумла туӣ ранги тамаддун,

               Ба ҳар ҳарфат биёбам ман камолу ҳол.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗабон-пояи давлатдорӣ ва фарҳанг аст
Scroll to Top