Санаи 04- уми октябри соли 2025 дар асоси дастуру супоришҳои МИҲД-и вилояти Суғд, дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии умумиҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар ин ҳашар- шанбегӣ аҳли кормандони муассисаи мазкур фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадаф ва мақсади асосии шанбегӣ тоза ва обод намудани гирду атрофи ҳудуди муассисаи мазкур, беҳтар гардонидани вазъи муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ байни иштирокчиёни ҳашари шанбегӣ пншбинӣ гардидааст.
Дар ҷараёни шанбегӣ аз ҷониби ҳашарчиён корҳои зеринро минҷумла, тозакуни ва рӯбучин намудани гулгашту роҳравҳо, ҷӯйборҳои обгузар, тоза намудани алафҳои бегона, обёрии майдончаҳои сарсабзи гулҳои ороишӣ, бо мошини махсуси алафбурак ба тартиб даровардани майдончаҳои кабудизор, шинонидани гулҳои рангоранги ороишӣ ва баровардани партоваҳо ба ҷойҳои махсус ба иҷро расонида шуд.
Ҳашари дастаҷамъона дар фазои корӣ баргузор гардида бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом расид, ки ин амал як иқдоми одӣ ба назар расад, аммо дар асл арзиши он бисёр баланд аст. Поксозиву тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист на танҳо барои зебогии гирду атрофи муассиса, балки барои саломатии аҳли ҷомеа хело муфид мебошад.
Ҳашарчиён бо ҳисси баланди ғамхорӣ ба муҳити зист, масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштанд, ки ин иқдоми нек аз ҷониби кормандони муассисаи мазкур идома хоҳад бахшид.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”