Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Асолату покизагӣ ва шириниву шевоии забони тоҷик

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

(бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ)

     Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст!
     Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?

Олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳон андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанг маҳз тавассути забон то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаи ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд.

Дар ҳақиқат, забон ҳамчун воситаи мӯътамади омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дошта, гузаштагони мо барои рушду инкишоф ва ба пояи забони расмию давлатӣ баровардани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Ёдовар бояд шуд, ки забони тоҷикӣ ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён мақоми давлатӣ гирифта, бо он осори пурғановати устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдор гардид ва минбаъд осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедилу Аҳмади Дониш ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукӯҳу шаҳомати хоса дарёфт.  Ин нуқта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаю имрӯзаи бою рангини сарнавишти таърихи халқамон мебошад. Бузургони мо новобаста аз задухӯрдҳои таърихии чандинасра забони тоҷикиро поку беолоиш нигоҳ дошта, то замони мо оварда расонидаанд.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бошад, барои дурахши дигарбораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё шуд. Пешвои миллат “забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат” эълон карда,  пайваста аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзанд, ин унсури ҳуввиятсозро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.

Хотиррасон бояд шуд, ки 22-юми  июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд ва бо гузашти замон зарурият пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия  ва қабул гардад. Аз ин лиҳоз 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба тавсиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ҳамасола бо тантана қайд карда мешавад.

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост.

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи забони давлатӣ қарор дорем. Пас биёед соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди тоҷик бошем.

Дилором Саидова - корманди
илмии шӯъбаи таърихи
МДМФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАсолату покизагӣ ва шириниву шевоии забони тоҷик
Scroll to Top