Илму техника дар асри XXI бо суръати баланд рушд карда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон ворид шудааст. Яке аз самтҳое, ки пешрафти илмӣ – техникӣ дар он нақши муҳим мебозад, фаъолияти осорхонаҳост. Осорхона на танҳо ҷойи нигаҳдории мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, балки маркази омӯзишу маърифат низ мебошад. Барои осон ва ҷолиб сохтани раванди шиносоӣ бо экспонатҳо, имрӯзҳо технологияҳои нав, аз ҷумла QR – кодҳо, васеъ истифода мешаванд.
Истифодаи дастовардҳои техникӣ имконият медиҳад, ки осорхонаҳо бо ҷомеаи муосир ҳамқадам шаванд. Дар гузашта танҳо лавҳаи кӯтоҳи тавзеҳӣ дар назди экспонат насб мешуд, имрӯзҳо бошад бо кӯмаки QR-код ҳар бинанда метавонад маълумоти муфассал дастрас намояд.
Афзалиятҳои насби QR – кодҳо ба экспонатҳо.
Масалан, бо насби QR – код меҳмонон метавонанд маълумоти экспонатро аз таърихи пайдоиш, усули сохт, аҳаммияти фарҳангӣ ва ҳатто нақши онро дар давраи муайян гирифта бошанд. Ҳамчунин имконият вуҷуд дорад, ки бинанда тавассути код ба шабакаҳои иҷтимоии осорхона пайванд шуда, бо дигар экспонатҳо низ ошноӣ пайдо кунанд.
Хулоса. Илму техника барои осорхонаҳо имкониятҳои нав мекушояд. Насби QR – кодҳо дар назди экспонатҳо на танҳо роҳҳои муосири омӯзишро таъмин мекунад, балки робитаи байни фарҳанг ва технологияро мустаҳкам месозад.
Дар ин раванд Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» низ насби QR – кодҳоро мунтазам ба роҳ мондааст ва айни ҳол насбкунӣ идома дорад ва дар назар аст, ки то охири сол ҳамаи экспонатҳо дорои QR – код мешавад.
Ин гуна навоварӣ ба ҳифз ва таблиғи мероси миллӣ кӯмак карда, осорхонаҳоро ба маконҳои ҷолиб ва муосир табдил медиҳад.
Исобоев Даврон – мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"