Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Сипеҳр»-и шаҳри Бӯстон ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 60 - солагии шаҳри Бӯстон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзиш ва аҳамияти таърихии он» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимону меҳмонон аз пойтахти кишвар ва вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ намуда, Назризода Саидраҳмон - муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 60 солагии таъсисиёбии шаҳри Бӯстонро ба мардуми ин шаҳр табрику муборакбод гуфт. Таъкид карда шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид ва хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра ниҳоят бузург аст.
Раиси шаҳри Бӯстон дар идома аз таърихи таъсисиёбии шаҳр, хизматҳои собиқ раисони шаҳр ва корҳои созандагӣ ёдовар шуда, тавъам омадани 60 - солагии шаҳрро бо 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ фоли нек арзёбӣ намуд. Дар идомаи кори конфронс Мухторов К.Т.-муовини раиси шаҳри Бӯстон дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: арзиш ва моҳияти сиёсиву ҳуқуқии он» маърӯза намуд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолон, пешсафони соҳаҳои фарҳангу маориф нишонҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон як зумра шахсоне, ки ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардидаанд бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бӯстон (Чкаловск) шаҳрест дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10км ҷанубу шарқтар аз маркази вилоят воқеъ гаштааст.
Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 10 августи соли 1956 ва қарори Шӯрои вакилони меҳнаткаши вилояти Ленинобод аз 14 сентябри соли 1956 Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнаткаши Чкаловск таъсис ва тасдиқ карда шуд.
Дар тобеияти маъмурии Шӯрои вакилони меҳнаткаш бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони советӣ аз 30 июли соли 1964 деҳаи Палоси ноҳияи Хуҷанд бо статуси типи шаҳрак ворид карда шуд. Соли 1970 бо такмилёбии сохтори вилоят шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ба ҳайси шаҳри тобеи вилоят табдил ёфт.
Имрӯзҳо дар асоси қарори Раиси шаҳри Бӯстон аз 29-марти соли 2016, №124 60-солагии шаҳр таҷлил гардида истодааст.
Ҳанӯз аз соли 1996 то соли 2011 Ӯғулой Тоҳирова, Ахмедов Нӯъмон Бурҳонович, Абдуллоева Раъно Шарафовна, Гришина Раиса Михайловна, Шокиров Ҷӯра Раҳмонович, Иброҳимов Иброҳим Сангинович, Бобоев Собит Абдуллоевич, Абдуназаров Хисрав Насруллоевич, Бобозода Шавкат Бобораҷаб ва аз соли 2012 то инҷониб Рухсора Давлатзода ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият бурда, барои барқарорсозии инфрасохтори шаҳр ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
Алҳол дар шаҳри Бӯстон донишгоҳ, коллеҷу мактабҳои миёна, мактаби мусиқӣ, китобхона, кинотеатр, театри русии драма ва мазҳака, театри лӯхтак, қасри маданият, қасри варзиш ва варзишгоҳ амал менамояд.