Санаи 02 - уми октябри соли 2025 бо сарварии Ҷаннат Раҳимова – Раиси иттифоқи касабаи тақсимоти шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон, намояндагони конфедератсияи байналхалқии иттифоқи касаба дар соҳаи энергетика аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Гуруҳи меҳмонони муҳтарам аз ҷумҳурии кишварҳои Федератсияи Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистонро, шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов ва кормандони осорхонаи таърихӣ бо руҳияи гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Меҳмононро Мирзоева Иноятхон – роҳбалади ботаҷрибаи осорхона сайри осорхонавӣ гузаронид. Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо коллексияҳои нодири таърихӣ , нигораҳои бостоншиносӣ, рӯзгори ашёҳои дастии мардумӣ, дастхату китобҳои қадима ва расмҳои беназири ҳунармандони мардумӣ шинос гардиданд. Роҳбалади муассисаи мазкур бо шеваи забони равони русӣ ҳарф зада аз ҳаёти ниёгони бузурги тоҷик ва шахсиятҳои гузаштагонро ба меҳмонон шарҳ дод. Дар раванди боздид аз толори намоиши бахшида ба “Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватании солҳои 1941 -1945”, таҳти унвони “Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд”, роҳбари гуруҳи меҳмонони мазкур Ҷаннат Раҳимова, акси модаркалони худро Ҷаннат Раҳимова – ҳавонавард, иштирокчии ҶБВ-ро дида аз чашмонаш ашки шодӣ рехт.




Воқеан, як ҳодисаи арзишманд ва эҳсосбарангез буд, ки ин танҳо як хазинаи оилавӣ набуда, балки як порчаи зиндаи таърих аст. Имрӯз ман тасодуфан акси модаркалонамро дар қатори иштирочиёни ҶБВ-и дар ин толори намоишӣ мебинам, ки ин тасвир на танҳо як хотира, балки шоҳиди зиндаи ҷасорат, матонат ва ватандӯстии занҳои тоҷик дар сафи ҷанг мебошанд- гуфт ӯ бо ҳасрат.
Ӯ қиссаи хотироти зиндагиашро ба ёд оварда гуфт, ки модаркалонам Ҷаннат Раҳимова дар солҳои ҷанг ҳамчун ҳавонавард хизмат намуда то шаҳри Берлин рафта, ғалабаи ҷангро пешвоз гирифаанд. Модаркалони азизам, санаи 20 январи соли 1961 аз олам даргузаштанд, баъди вафоташон санаи 11 феврали соли 1961 ман ба дунё омадам, ки номи маро ба хотири ёдбуди модарбузургам Ҷаннат номгузорӣ карданд. Ин акси хотирмони ҷанговарон саҳми худро дар ҳифзи Ватан- модар гузоштаанд, ки нишонаи ифтихори насли имрӯз аз қаҳрамонии гузаштаи миллати мо ҳастанд, ки ҳег гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.


Сониян, ҳайати меҳмонон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ гузар намуда бо санъати тасвирии волои ҳунармандони мардумӣ, кундалкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва муҷассамаҳои шоирону орифони аҷам қомат афрӯхтаанд, тавваҷҷуҳи меҳмононро бештар ба худ ҷалб намуд.
Ҳайати гуруҳи меҳмонон аз ин боздиди нотакрори макони таърихӣ изҳори хушнудӣ намуда ба кору фаъолияти кормандони осорхонаи таърихӣ баҳои баланд доданд ва онро як таҷрибаи арзишманд донистанд.


Дар фарҷом меҳмонон дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и осорхонаи таърихӣ таассуроти худро ёддошт намуда , барои нигоҳдорӣ ва таблиғи мероси фарҳанги миллати тоҷик изҳори сипос намуданд.
Валӣ Набизод – котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


