Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хурмача - санъати кулолгарӣ

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, агар  ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “хурмача” аз забони форсӣ гирифта шуда, маънояш зарфи даҳанфарохи гӯшакдори сафолин барои говдӯширо ифода мекунад.

Дар замони гузаштаи таърихи хеш , ниёгони миллати тоҷик бо ҳунармандӣ машғул буданд, бахусус бо ҳунари кулолгарӣ, ки аз обу гили оддӣ  санъати кулолгарӣ  меофариданд.

Бояд  қайд намуд, ки азбаски барои ҳунари  кулолгарӣ мавҷудияти  гили махсусро талаб мекунад ва онро на дар ҳама ҷо ёфтан мумкин аст. Касби ҳунари кулолгарӣ ин чунин касб мебошад, ки дар ҷойҳое равнақ меёбад, он ҷо хокаш тозаву мувофиқ бошад. Лек , бо вуҷуди ҳамин  кулолгарон  барои  сохтани чойнику офтоба, хурмача  кӯзаву косаҳову табақҳои гуногунҳачм,шамъдон, бозичаҳои кӯдакона  то хумҳои калонҳачм ва дигар анвои рӯзгордориро месохтанд.

Бале, гузаштагони ҳунармандони  миллати тоҷик аз гили оддӣ асари санъати кулогарӣ меофариданд, ки  собиқаи таҷрибаи  корӣ дошта аз насл ба  насли оянда мерос омада истодааст. Бешак, дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳавлии кулолгарӣ  мавҷуд аст, ки имрӯз даҳҳо меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз санъати волои  ҳунари кулолгарӣ аз наздик ошно мегарданд.

Мутаассифона дар замони шӯравӣ ба ҳунару ҳунармандӣ беэътиноӣ зоҳир мекарданд ва танҳо пас аз соҳибистиқлоли кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон   намуди ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардиданд. Дар  давоми  асрҳои зиёд ҳунармандони мардумӣ бо санъати ҳунарҳои кулолгарӣ, бофандагӣ, наққошӣ ва бисёре аз ҳунарҳои дигар маъруф ва шуҳратёр гардида буданд.

Кулолгарӣ ҳунаре аст, ки аз лойи махсуси тайёркардашуда ҳунармандон зарфҳову лавозимотҳои заруриро  месозанд. Ин соҳаи кулолгарӣ дар байни ҳунармандони мардумӣ  аз давраҳои қадим маъруфу маъмул буд. Он чизе ки месохтанд дар оташдонҳои махсуси калон маҳсулоти хоми гилиниро мепухтанд.

Қобили зикр аст, ки дар толори намоиши бостоншиносии “Ёдгориҳои таърихии мавзеъи миёнаобии Фарғона- Сирдарё”-и Қалъаи таърихии Хуҷанд, таҳти КП № 4235  намунаи хурмачаи сафолин барои  говдӯши, тааллуқ  ба   асри I-и м,  аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд дарёфт  гардидааст, ки диққати меҳмонони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХурмача - санъати кулолгарӣ
Scroll to Top