Агар ба таърихи гузаштаи ниёгон назар афканем, дар ҳар маҳаллаву гузар хонаи ҳунармандони мардумӣ, ки бо ҳунарҳои суннати машғул буданд, умр ба сар мебурданд. Инчунин дар ҳар гӯшаву канори маҳаллаҳо ҳавлии тоҷир ё ба қавле ҳавлии сарватманд хонаи намудаш обрӯманд дошта бо нақшу нигори шарқӣ зеб дода шуда буданд, дидан мумкин буд.
Бояд гуфт, дар ҳавлии тоҷирон чанд ҷузъиёт ба хонаи калони меҳмонхона ҳусни тоҷирона мебахшиданд, ки қолинҳои зебои дастбоф, санъати тасвирӣ, гаҷкорӣ, кундалкорӣ, лавозимоти қадимаи рғӯгорӣ, пардаҳои гулдӯзӣ, таҳмону тахмончаҳои кӯрпаҳои рангоранг, хизматрасонӣ бо чойи гарми самовор ва табақчаҳои ширинӣ дар рӯйи сандалӣ ҷой дода мешуданд. Ҳавлии калон бо чанд хона, айвон ва ҳуҷраҳои хобро ташкил медиҳад, ки майдончаҳои сарсабз бо дарахтони мевадор, гулҳои рангоранги мавсимӣ ҳусни ҳавлиро дигар мекард. Дар даромадгоҳи саҳнаи ҳавлӣ кати нақшунигоркарда, ошдон бо давозимоти рӯзгор, кӯзаҳои ҳачмашон гуногуни мисин ва уғури калони чӯбӣ гузошта шуда буданд.
Қобили зикр аст, дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, чунин намуди ҳавлии тоҷир бо тамоми ашёҳои қадимаи рӯзгор дар гӯшаи хона асбобҳои анъанавӣ, косаву пиёлаҳои сафолин ,қолинҳои рангини дастбоф партофташуда, муҳити хона бо равшаниву гармӣ ва меҳрубонии фарҳанги тоҷикӣ пур дида мешавад. Бӯйи гиёҳҳои хушбӯй ба монанди зира, райҳон эҳсос карда мешавад, ки дар кунҷи хонаи даромад, тааллуқ ба охири асри XIX , аввали асри XX, қайди давлатии рақамиаш таҳти КП- № 2038 уғури калони чӯбӣ гузошта шудааст, дида мешавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз ин лавозимоти рӯзгор уғури калони чӯбӣ асбоби қадимаи тоҷикон бо таърихи чандинсола дар ҳар хонадони мардуми тоҷик вуҷуд дошт. Пеш аз он ки дастгоҳҳои барқӣ ворид шаванд, уғури калони чӯбӣ нақши муҳими худро дар омодасозии иҷро мекард, ки як навъи асбоби қадимаи хонагӣ ба шумор мерафт.
Сарчашмаи пайдоиши уғури чӯбӣ аз тамаддунҳои қадима дар Мисри қадим, Месопоталия ва Эрон, сонитар дар Осиёи Марказӣ ва хоса дар ҳар хонадони мардуми тоҷик яке аз василаҳои асосии рӯзмарра маҳсуб ёфта, дар замони худ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистони имрӯза истифода бурда мешуданд.Инчунин дар китобҳои қадимаи тиббӣ, монанди “Тибби ибни Сино” доруҳои халқӣ ва майда кардани баргҳо, зироатдонаву решаҳо ва гиёҳҳои хушкшударо дар уғури калони чӯбӣ кӯфта тайёр карда мешуданд.
Уғури калони чӯбӣ аз ду қисмат иборат буда, дар қисми поёнӣ масолеҳро ҷой медиҳанд ва қисмати дуюмаш кӯфтзан мегӯянд, чӯб ё асбобест, ки бо он масолеҳро дар дохили уғур мекӯбанд. Бале, барои кӯфтан ё майда кардани масолеҳҳои гуногун ба монанди донаҳо, зиравориҳо, кунҷид, доруҳои гиёҳӣ ва намаксанг то ҳатто барои тайёр намудани омехтаҳо барои хӯрокҳои суннатӣ ва ғайра истифода мебурданд.
Зикр намуд, ки уғур як таҷҳизоти куҳани мардумӣ буда, таърихи он бо таърихи зироаткорӣ, тибби халқӣ ва бо фарҳангӣ хонавода омехта шудааст. Гарчанде ки он дар китобҳои таърихӣ кам зикр шуда бошанд, вале нақши он дар рӯзгори мардумӣ бениҳоят муҳим аст. Ҳунармандони мардумӣ онро аз маводҳои санг, чӯб, мис ва оҳан месохтанд, ки пайдоиши аввалин навъҳои он зиёда аз 10 000 сол пеш дар давраи сангӣ ба вуҷуд омадааст. Лек, бо пешравии технологияи саноатӣ замони муосир таҷҳизотҳои ҳозиразамони гуногуни барқӣ ба монанди блендер, суфтакунак ва дигаре ҷояшро иваз намуд. Аммо дар фарҳанги миллати тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ ҳанӯз мақоми хоса дорад, ки уғури калони чӯбӣ як ҷузъи муҳими фарҳанги моддӣ ва анъанаҳои зиндагии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.
Ҳарчанд мардум қариб, ки аз ин гуна ашёи рӯзгорро дар зиндагӣ истифода намебаранд. Лек , онҳоро дар осорхонаҳои таърихӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик боқӣ мондааст, дидан мумкин аст.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”