Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳадаф дидан намудан аз осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз макони таърихӣ, гуруҳи шахсони имконияташон маҳдуд бо ташаббуси Ҳабибуллоҳ Ҳофизов – роҳбари ҷамъияти маъюбони ноҳияи Ҳисор  аз  Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Ҳадаф дидан намудан аз осорхонаи таърихӣ ин баланд бардоштани маърифат ва шиносоии гуруҳи имконияташон маҳдуд бо таъриху фарҳанги миллии тоҷикон, инчунин фароҳам овардани имкони фароғат ва омӯзишӣ ҷолиб буд.

Гуруҳи меҳмонон аз толорҳои намоиши осорхонаи таърихӣ гузар намуда бо таърихи куҳанбунёди гузаштагони халқи тоҷик, дастовардҳои фарҳангиву илмӣ ва  мероси моддиву маънавии ниёгон ошно гардиданд. Ин боздид аз макони таърихӣ барои меҳмонон боиси хушнудӣ гардида, муҳити суҳбати озод ва фароғатии онҳо гардид.

Ҳайати гуруҳи маъюбон изҳори минатдорӣ намуда, чунин ташрифи самимонаро муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки Ҳабибуллоҳ Ҳофизов соли 2024 дар шаҳри Усткаменгорски Ҷумҳурии Қазоқистон, оид ба мусобиқаи вазнбардорӣ иштирок намуда, чемпиони ҷаҳон гардидааст.

Умедворем, ки  боздиди гуруҳи маъюбон варзишгар аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо аксбардонии хотираҳои зебои пурбарор, хотирмон ва илҳомбахш сабт гардиданд. Мо аҳли кормандони муассисаи мазкур ба қаҳрамонони ҳақиқӣ, ки бо иродаи қавӣ, ҷасорат ва меҳнат роҳи худро месозанд  на танҳо пирӯзӣ дар майдони варзиш, балки пирӯзӣ бар монеаҳои зиндагӣ собитқадам бимонанд.

Орзу мекунем, ки рӯзу рӯзгори шумо пур аз саломатӣ, шодиву меҳру муҳаббат бошад, ки ҳар қадам ва кӯшиши шумо барои ҷомеа илҳом ва сабақ бошад.

Бошад, ки хазинаи фарҳанг ва таърихи миллат ҳамеша дар пеши шумо равшан бошад ва осорхонаи таърихӣ дари худро барои шахсони шуҷое чун шумоён бо ифтихор мекушояд!

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

  

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲадаф дидан намудан аз осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top