Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди иштирокчиёни форуми III-и байналмилалии тиҷоратӣ аз макони таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 28-уми сентябри соли 2025 бо сарварии Икром Мамадов- директори форуми мазкур, ҳайати гуруҳи меҳмонон ва  иштирокчиёни форуми III-и байналмилалии тиҷоратии “Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт” аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро дар  даромадгоҳи қалъаи  таърихӣ шахсан Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва шодбошӣ  намуд. Қайд кардан ба маврид аст, намояндагии меҳмонон аз кишварҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Узбекистон ташриф фармуданд.

Сипас, Мирзоева Иноятхон роҳбалади ботаҷрибаи дараҷаи олии муассисаи мазкур аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ  сайри осорхонавӣ гузаронида бо таъриху фарҳангӣ пурғановат, ҳунарҳои миллӣ, ашёҳои нодири халқи тоҷик аз наздик ошногӣ намуда, меҳмонон бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ, нақшунигор, гаҷкорӣ , муҷассамаҳои шоирону орифон қомат афрохтанд, маълумоти бештар гирифтанд

Боздиди ҳайати меҳмонон аз толорҳои намоишӣ бо санъати волои ҳунармандони мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик , басо диққатангез буд.

Зимни боздид меҳмонон аз ҳавлии ҳунармандони мардумӣ гузар намуда бо ҳуҷраҳои қадимаи ниёгон, санъати меъморӣ ва  лавозимотҳои дастгоҳҳои кории  ҳунармандон машғули фаъолият буданд, аз наздик ошно гардиданд.  Ҳайати меҳмонон аз  макони таърихии халқи тоҷик, ки бо дастранҷи ҳунармандони мардумӣ сохта шуда аз таъриху тамаддуни қадимаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, баҳои баланд доданд.

Маврид ба  зикр аст, ки ҳайати гуруҳи меҳмонон аз тамошои чунин мавзеъҳои нотакрори таърихию фарҳангӣ  изҳори хушнудӣ намуда ба роҳбалад ва роҳбарияти муассисаи мазкур изҳори минатдорӣ баён карда шуд.

Дар фарҷом бо василаи эҳтиром ба сабабгори  заҳмати содиқона ва саҳми назаррас дар рушди фаъолияти ҳамкорӣ аз ҷониби директори форуми мазкур Икром Мамадов ба Омири кулли МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”И.Иброҳимов бо сипосномаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди иштирокчиёни форуми III-и байналмилалии тиҷоратӣ аз макони таърихӣ
Scroll to Top