Ин ҷо гул аст, ин ҷо гулистон, ин гулҳои латифу ҳассос дар тамоми фаслҳои сол рӯйи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили инсон шодиву сурур, ишқу муҳаббатро нисбати табиату Ватани хешро бедор мекунад.
Назар кардан ба гул ин танҳо нигоҳ ба як рустанӣ нест. Ин нигоҳ ба зебоии табиат, покии офаридагор ва оромии дил аст. Вақте инсон ба гулҳои рангоранг менигарад, қалбаш ором мегардад, гӯё гул гуфта бошад, ман дар хомӯшӣ мешукуфам, ту низ дар оромӣ бузург шав. Бале, назар кардан ба гул ин назар карда ба худи зиндагӣ аст.
Вале, мутаассифона умри гулҳои зебои табиат бо андаке сармову вазидани бодҳои тунд ва боришот барои мавсими сол умрашон ба поён мерасад. Лек, гулҳои мавсимӣ яке аз зеботарин офаридаҳои табиат ҳастанд, ки ҳар як гул таърихи хос, ном ва маънои рамзӣ дорад ва барои муҳити зист низ фоидаовар ҳастанд. Чунин парвариш ва нигоҳдории гулҳои мавсимӣ дар боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ на танҳо зебогии чашмандоз доранд, балки барои зиндагии инсон аҳамияти зиёде доранд.
Дар асл, мардуми миллати тоҷик аз қадимулайём гулпарвар ва гулдӯст буданд, онҳоро ҳифз ва дар табиати гулҳо эҳтиромона рафтор мекарданд, то ки зебогии нотакрор гум нашавад. Гул ин рамзи зебоӣ, покӣ ва муҳаббат аст. Боғбон бошад, рамзи заҳмату ранҷ, сабр ва ғамхори табиат аст, ки танҳо бо меҳру муҳаббати нозуки боғбон гул шукуфон мешавад.
Бо камолу эҳсоси ифтихор сокинону меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ вориди қалъаи таърихӣ мегарданд, ки дар замонҳои қадим маркази муҳофизати мардумӣ буда, сарбозон, фармондеҳон ва ҳатто шоҳону амирон зиндагӣ мекарданд. Ин ҳиссиёт на танҳо қалъаи сохмони қадимӣ ҳаст, балки порчае аз таърихи зиндагии миллати точик мебошад.
Имрӯзҳо сокинону меҳмонони дуру наздик аз толорҳои намоишӣ ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ дидан менамоянд ва дар навбати худ аз роҳраву саҳнаҳои гулгашти он сайру гашт мекунанд, ки меҳмон гули боғу шодӣ аст, пас онҳо бо овози садои дил мегӯянд, як ханда кун, эй гул!
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”