Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Анвои хат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, хат ва хаттоти яке аз мухимтарин бахшҳои фарҳанги ва  тамаддуни  мардуми форси забон, аз чумла тоҷикон ба шумор меравад. Ҳунари хаттоти на танҳо воситаи навиштан, балки як шеваи зебогии санъат ва ифодаи маънавият мебошад. Дар тӯли таърих хаттотон барои навиштани матнҳои дини адабӣ ва таърихӣ услубҳои гуногуни навиштро истифода мебурданд, ки онҳо бо номи анвои хат маъруфанд. Маънои мафҳуми “Анвои хат” ба маънии гунаҳо ё намудҳои навишт мебошад, Дар хаттотии исломи ва шарқи анвои гуногуни хат вуҷуд дорад, ки ҳар яке хусусият ва истифодаи махсуси худро дорад. Ин хатҳо асосан барои зебо навиштани Қуръон девони шеърӣ, китобҳои илми ва ҳунари истифода мешаванд.

Ба ин хотир, аз тарафи донишчуёни донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи академик Бобоҷон Гафуров факултаи забонҳои шарқ бо устоди забондон Раҳимов Исломҷон тасмим гирифта шуд, ки ҳар ҳафта рӯзи панчшанбе дар Хона-музейи Камоли Хучандии МД МФТ” Қалъаи Хуҷанд” баргузории  чорабинии хаттотӣ  пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки ин хати зеботарин ва машҳуртарин хат дар миёни форсизабонҳо машҳур аст. Хатти насталиқ бо каҷии табии ва шевоиаш шеъру адабиётро боз ҳам гувотар мекунад. Бисёре аз девонҳои шоирон бо ин хат навишта шудаанд.     Гуфтан ба маврид аст, ки анвои хат на танҳо воситаи иртибот, балки як шохаи муҳими санъати шарқӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯён барои омӯхтани ин хатҳо , ки шинохти беҳтари мероси фарҳангӣ қадрдонии зебоӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад, дониши худро барои омӯзиши хат ва эҳёи хаттотӣ сайқал дода истодаанд.

Таҳмина Тошматова - роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАнвои хат
Scroll to Top