Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қадрдонии кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ бо сипоснома

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 24-уми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо иштироки фаъолону намояндагони шуъбаи хоҷагидорӣ,  доир ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи мазкур барои  заҳматҳои софдилона  бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” , Иброҳим Иброҳимов ба аҳли нишаст барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ки ҳамарӯза сокинон ва меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ин макони дилкаш дидан менамоянд, ки  ҳамеша ҳар гӯшаву канораш тозаву озода бошад. Имрӯзҳо кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ барои ба тартиб даровардани гирду атроф заҳмати софдилона мекашанд , барояшон тансиҳатӣ ва комёбиҳоро дар фаъолияти меҳнатиашон минатдорӣ баён намуд.

Изҳори умед намуд, ки минбаъд аҳли кормандон ва шуъбаи хоҷагидорӣ  ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани  гирду атрофи муассиса саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Сипас, бо фармони махсуси муассисаи мазкур ба 8 нафар кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ барои иштироки фаъолона дар пешбурди корҳои хоҷагӣ ва ҷамъиятӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚадрдонии кормандони шуъбаи хоҷагидорӣ бо сипоснома
Scroll to Top