Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамватанони азиз!

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Имрўз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд:

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Мо дар шароити ҷаҳонишаваии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят як қатор иншоотҳои фарҳангию варзишӣ, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ғайра бо ширкати Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар баробари ин, дар тӯли солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои хурду бузург бо ҳазорҳо ҷойҳои корӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба некуаҳволӣ ва ноил гардидан ба зиндагии сазовори мардум мусоидат менамояд.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми мардуми шарафманди вилоятро бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон бахту саодат, сиҳҳатмандию комёбиҳои беназири меҳнатӣ ва  баракати рӯзгорро таманно менамоям.

Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқло-лияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

Рӯзи Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПаёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top