Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳашари пахтачинӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Субҳи имрӯз , санаи 20- уми сентябри соли 2025 бо дастуру супоришҳои МИҲД – вилояти Суғд, намояндагони сохторҳои марбута, омӯзгорон, аҳли кормандони соҳаи фарҳанг бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар гардиданд.

Аҳли гуруҳи  ҳашарчиёни Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба майдони кишти пахтаи хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Гафуров ҷамоати Ёваи деҳаи Учбоғ ташриф фармуда  , дар рӯзи истироҳатӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта саҳми хешро гузоштанд.

Давоми рӯз ҳашарчиён бо меҳнати дастаҷамъона тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуда, хирмани деҳқонро дучанд намуданд.

Зикр намуд, ки соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии мамлакат ба шумор меравад. Айни замон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маракаи ҷамъоварии ҳосили пахта барои саривақт ва бе талаф ғунучин намудан бо маром идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар саҳроҳои хоҷагӣ пахта хуб нашъунамо ёфтааст, ки умед доранд, имсол пахтакорон ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳанд овард.

Гуфтан ба маврид аст, ки аҳли кормандони муассисаи мазкур ба ҳайси ҳашарчӣ барои  бенуқсон чидани ҳар як пағаи сафеди пахта саҳми худро мегузоранд. Зеро ки пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои мухталиф буда, барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим мебошад.

Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲашари пахтачинӣ
Scroll to Top