Дар доираи сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Го Жигун, ҳамроҳ бо ҳайати расмии худ аз Осорхонаҳои Муассисаи Давлатии Маҷмааи фарҳангию-таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Меҳмононро шахсан Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбалади муассиса, Мирзоева И. сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз таърихи чандинҳазорсолаи шаҳри бостонии Хуҷанд маълумоти пурра гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон бо таваҷҷуҳи зиёд ба намоишгоҳҳои осорхона шинос шуда, бо арзишҳои фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва осори қадимае, ки дар маҷмаа нигоҳдорӣ мешаванд, аз наздик ошно гардиданд. Ҷаноби Тзси Шумин таъкид доштанд, ки фарҳанг ва таърихи тоҷикон решаҳои амиқ дошта, барои таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвари дӯст – Чин ва Тоҷикистон – нақши муҳим бозида метавонанд.
Дар анҷом, меҳмонон таассуроти нек ва эҳтироми самимии худро дар Китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ баён намуда, ба роҳбарияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва инчунин ба фаъолияти роҳбаладон барои ташкили сатҳи баланди қабули меҳмонон изҳори миннатдорӣ карданд. Ин боздид боз як намунаи равшани аҳамияти робитаҳои фарҳангӣ ва мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин маҳсуб меебад.
Аминов Абубакр – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"