Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Истиқлолият рамзи сарбаландӣ ва ифтихори миллат»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ ва расми кушоди намоиши асарҳои рассомони вилоят доир гардид. Дар кори конфронс олимон ва устодони Донишгоҳҳои олии шаҳр, Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, собиқадорон ва кормандони Осорхонаи таърихӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок доштанд.

Омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуданд. Бо пахши Суруди миллӣ кори конфронс оғоз гардид.

Орифов А.О.-мушовири генералии Хадамоти Андоз, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор дар мавзӯи “Иҷлосияи ХVI–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-иҷлосияи тақдирсоз” ба сухан баромада, хотироти худро аз рафти кори Иҷлосия баён намуданд.

Муҳитдинов Ғ.Н.-собиқ раиси кумитаи саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи ХVI-уми таърихӣ, номзади илмҳои кимиё дар мавзӯи “Истиқлолият рамзи сулҳу ваҳдат” ба сухан баромада, оиди Истиқлолият, Ваҳдат, муборизаҳои халқи озодихоҳи тоҷик, шӯру шарарҳои аввалҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақлҳо намуданд.

Ҳамчунин Саидов Ш.-номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ доир ба “Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллӣ” ва Эшонова Н.-Раиси бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дорандаи ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ зери мавзӯи “Истиқлолият рамзи ҳастиву саодати миллӣ” андешаронӣ намуданд.

Хоҷаева М.А.- мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” перомуни “Самараи истиқлол рушди бомароми фарҳанги миллӣ” сухан ронда, зикр доштанд, ки “Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ эҳёи фарҳанги миллӣ дар кулли манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, намунаҳои эҷодиёти бадеии халқ аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакории рӯи чуб, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласу атдасбофӣ ва дигар намудҳои анъанаҳои миллӣ рушд ёфта истодаанд”.

Дар анҷоми конфронс Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, профессор Усмонҷон Ғаффоров ва мушовири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Умарова З. низ ба сухан баромада, андешаҳояшонро аз шукри Истиқлолияти давлатӣ ва фаъолияти илмии осорхона баён карда, барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.

Баъди анҷоми қисмати илмии конфронс расми кушоди намоиши асарҳои рассомони вилояти Суғд таҳти унвони “Эъҷоди рассомон дар даврони Истиқлол” доир гардид. Дар намоишгоҳ амалҳои мусаввирон, ҳайкалтарошон, кандакорон, наққошону кашидадӯзон ба тамошо гузошта шуда буд.

Лозим ба ёдоварист, ки санъати тасвирии халқи тоҷик бой ва гуногун буда, бо зебоӣ, усулҳои ба худ хос ва мавзӯъҳои шавқовар касро ба ҳайрат меоварад. Рассомони вилоят дар бобати тасвири манзараҳои табиат бо ҷидду ҷаҳди зиёде амал карда, саъйю кӯшиш намудаанд, ки хусусиятҳои хоси табиати бо дасти инсон дигаргунёбандаи Тоҷикистонро инъикос диҳанд. Устодони санъати халқӣ сол аз сол маҳорати худро баланд бардошта, бо тараққиёти тамоми санъати тасвирии Тоҷикистон баробар қадам ниҳода, асарҳои лоиқи ганҷинаи санъати тасвирии тоҷикро эҷод мекунанд.

Ин намоиш бо ташаббуси Ҷаборов А.-ҷонишини Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон ташкил гардида, дастгирӣ ва сарпарастии Раиси Академияи мусаввирони Тоҷикистон Рабиев О. низ хеле бузург аст.

Алҳол наздик 90-адад асарҳои Рассоми Халқии Тоҷикистон, академик К.Ёдгоров, Аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон А.Ҷаборов, А.Абдураҳмонов, Ю.Юсупов ва рассомони чавону умедбахш ба маърази тамошо гузошта шудааст. Хоҳишмандони санъати воло метавонанд тӯли як моҳ аз ин намоиш дидан намоянд. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Истиқлолият рамзи сарбаландӣ ва ифтихори миллат»
Scroll to Top