
Дар асл, агар ба фарҳангӣ тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, калимам “чароғ” асбоби равшанидиҳанда, ки чароғи равғанӣ, керосинӣ, газӣ ва барқӣ навъҳои мухталифи он мебошад, ифода мекунад.
Инсоният ҳамеша аз азал барои истифода бурдани равшанӣ фикр ва ба ӯ ниёз дошт. Тавассути гуруҳбандии намуди чароғҳо ва шамъҳо барои худ муҳити равшанӣ меофарид, ки манзараи чароғакҳоро эҷод мекард. Дар замони гузашта аҷдодони миллати тоҷик дар манзили худ чароғи равғанин истифода мебурданд, ки аз фатила ва равған буда дар зарфи махсуси чӯянӣ ё сафолин равшанӣ ва нур мебахшид. Нури чароғи равғанӣ дурахши нарм медод, ки намуди зоҳириаш ба алангаи воқеиро ба вуҷуд меовард.
Бояд гуфт,ки дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳавлии тоҷир мавҷуд аст, ки таалуқ ба асри XIX , таҳти рақами қайди давлатиаш КП- 3618 чароғи равғании сиёҳ аз чӯян сохташуда дар даҳлези даромадгоҳи хона баҳри маърази тамошобинон гузошта шудааст. Он аз равғандон ва нова иборат буда, равғандон силиндиршакл буда, қутри даҳанааш 4, 5 см ва новааш дарозрӯя буда, дарозиаш 8 см-ро ташкил медиҳад. Дар миёни равғандону нова барои овехтани чароғ гӯшак мавҷуд аст ва дар дохили нова боқимондаҳои сӯхта ҷамъ мешаванд.
Зикр намуд, ки бо пешрафти тараққиёти замони муосир лампаи керосини истеҳсол гардид. Мардум чун маводи равшанидиҳанда керосинро ҳамчун сӯзишворӣ барои равшанӣ истифода мебурданд. Керосинро аз нафти хом мегиранд, ки он моеъи борик, шаффоф ва оташгиранда буда, манбаи самаранокии гармӣ ва рӯшноӣ дорад. Онро бештар маъмулан барои равшанӣ дар он минтақаҳое, ки бо нерӯи барқ дастрас набуда, истифода мебурданд. Аз қадимулайём аҷдодони мардуми тоҷик бо чароғи равғанӣ ё керосинлампа мегуфтанд, чун манбаи боэътимоди равшанидиҳанда дар зиндагии хеш масраф менамуданд.
Хушбахтона, имрӯз мардум дар зиндагӣ ниёз ба чароғи равғанӣ ё керосинӣ надоранд, чунки рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои барқӣ бо таҷҳизотҳои сифатбаланди асбобҳои равшанидиҳанда бемамоният таъмин ва дар зиндагӣ сарфакорона истифода мебаранд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”